Мард бояд тандуруст бошад
Чунин ном дорад китобе, ки корманди Маркази ҷумҳурии ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фармони Ҷӯрақул таҳия ва ба нашр расонидааст.
Ба сиҳҳатии мардон бемориҳои зиёд таҳдид мекунанд, простатит, аденома ва заъфи неруи мардӣ бемориҳои хоси мардон мебошанд, простатит ва аденома дар байни мардон нисбатан бештар паҳн шудаанд. Простатиту аденома кори узвҳои пешобу ҷинсиятро вайрон мекунад ва агар сари вақт муолиҷа нашаванд, паёмадҳои ногуворро дар пай доранд. Дуруст аст, ки простатиту аденома ба сари мард изтиробу ошуфтагиҳои зиёд меоранд, вале ин гуфта ҳаргиз маъное надорад, ки аз ин дардҳо мард миён рост карда натавонад. Ҳар дардро давоест, тибби муосир дар табобати простатиту аденома дорую даво ва роҳу воситаҳои зиёд дорад, дар хазинаи тибби мардумӣ садҳо дорухат мавҷуд аст, ки аз онҳо низ метавон фаровон истифода кард. Донишмандону пизишкони уролог тахмин мекунанд, ки аз се нафар мард як нафар имкон дорад, ки мубтало ба простатит шавад, вале аденома вобаста ба синну сол дар мардони панҷоҳсола панҷоҳ дарсад, дар мардони шастсола шаст дарсад ва ҳамин тавр бо гузашти синну сол афзудан мегирад. Пажӯҳишҳо шаҳодат медиҳад, ки ин бемориҳо сол то сол ҷавонтар мешаванд ва ин падидаи нохуш аз назари муҳаққиқон иллатҳо ва омилҳои хоси худро дорад.
Ду фасли аввали китоб дар бораи бемориҳои простатит ва аденома аст. Дар оғози ҳар фасл оид ба простатит ва аденома иттилооти мухтасар дода шуда, баъд аз он маслиҳату тавсияи пизишкон, дорухатҳои тибби мардумӣ дар дармони ин бемориҳо манзур мегарданд. Дар зимн ҷиҳати таъкид ва тақвияти ин ё он дорухат ва умуман роҳу шеваҳои дармони бемориҳои простатиту аденома ҷо-ҷо фикру андеша ва навиштаҳои хонандагони рӯзномаҳои тиббӣ омадааст, ки бештари онҳо меваи таҷриба мебошанд.
Фасли сеюм дар бораи сабабҳои заъфи неруи мардӣ ва роҳҳои тақвияти он аст. Муқаддимаи ин фасл рангу тобиши дигар дорад, ки дар он андешаҳои табибони дирӯз ва имрӯз, аз ҷумла дурахшонтарин ва беназиртарин алломаи Ховарзамин–Абуалии Сино дар бораи манфиатҳои ҷамбистарӣ ва назокатҳои он ба гунаи фишурда дарҷ ёфтаанд. Сипас мисли бобҳои пешин маслиҳати пизишкон, дорухатҳои тибби мардумӣ ва номаҳои хонандагони рӯзномаҳо дар заминаи тақвияти неруи мардӣ зикр шудаанд ва фасл бо гуфтаҳои Синои бузургвор поён меёбад.
Китобҳои зиндаёд Ҳомидҷон Зоҳидов –“Хазинаи тибби қадим” ва “Канзи шифо” асрори тибби қадим, аз ҷумла асрори рустаниҳои шифобахшро, ки садсолаҳо дар ганҷинаи тибби ниёгон нуҳуфта буданд, ба хонанда, бахусус ба табибони мардумӣ ва дилбастагони тибби суннатӣ боз намудаанд. Дар ин китобҳо дар мавриди тақвияти неруи мардӣ давоҳо зикр шудааст, аммо чун ин китобҳо на ба ҳама дастрасанд ва дар “Канзи шифо” дар шакли пароканда омадаанд, муносиб дониста шуд, ки он давоҳо дар як ҷо фароҳам оянд, то корбурдашон ба хонанда осон бошад. Ин фасли чаҳоруми китоб аст. Фасли панҷум, ки «Пурсишҳо ва посухҳо» унвон дорад, иллатҳои пайдоиши простатиту аденома, заъфи неруи ҷинсӣ, роҳҳои пешгирӣ ва табобати онҳоро аз тариқи саволу ҷавоб мукаммал мекунад.
Қабзият (дарунбандӣ) баданро заҳролуду даргири бемориҳо менамояд ва ба простатит, аденома ва неруи мардӣ бетаъсир нест. Ба ҳамин далел дар фасли охир як силсила тавсияҳо ва дорухатҳои тибби мардумӣ дар рафъи қабзият пешниҳод шудааст.
Таҳиягари китоб танҳо маҳдуд ба тавсияву дорухатҳо нест, дар мавриди муносиб аз аҳамияти ғизо ва ё гуруснагӣ, офтобу ҳаммом, дар ҷои дигар аз зарари тамоку, машруботи спиртӣ ба сиҳҳатии мардон маълумот медиҳад ва ин ҳама огоҳиҳо ба далелу бурҳони илмӣ асос ёфтаанд.
Ободию осудагии хонадон ва рушду пешрафти кишвар дар оянда пайванди ногусастанӣ ба тандурустии кӯдакону наврасону ҷавонони имрӯз дорад. Мураттиб дар ин бора низ бетафовут нест, ӯ аз он ки модарон дониставу надониста ба писаракон шабу рӯз памперс мепӯшонанд, аз он ки хӯрду хӯроки асосии хонандагону донишҷўён ғизоҳои саридастии “тезтаёр” шудааст, аз он ки оби ошомидании онҳо пепсиву колаву фанта мебошад, аз он ки камҳаракатӣ торафт доман паҳн мекунад, сахт дар хавотир аст. Оид ба ин қазияҳо андешаҳои муҳаққиқонро пеши рӯи падару модарон мегузорад ва онҳоро даъват ба андешаву тафаккур мекунад ва тақозо менамояд, ки аз сиҳҳатии фарзандон бехабар набошанд, охир онҳо дар оянда бояд хонавода барпо кунанд, чун сардору сарвари хонадон солиму бардам бошанд, шаъну эътибори худро нигоҳ доранд ва ҳаёти хушу босаодат ба сар баранд.
Китоб дар партави ғамхориҳои Ҷукумати ҷумҳурӣ нисбат ба хонавода таҳия шуда ва умед аст, ки ба мардони гуногунсол аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Ногуфта намонад, ки фароҳамоварии ин китоб оид ба бемориҳои зикршуда таҷрибаи аввал аст ва тиҳӣ аз каму костиҳо нест. Аз ин ҷиҳат аз хонандагони арҷманд бо фурӯтанӣ таманно дорам, ки барои беҳтару пухтаву мукаммал шудани дарунмояи китоб дар оянда баёни фикру мулоҳизаҳои хешро дареғ надоранд.
Сафарали Урунбоев
Насимҷон Мирзоев,
рӯзноманигор