Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд бахшида ба «Рӯзи тандурустӣ» -7-уми апрел таҳти шиори «Саломатии миллат сарвати бебаҳост»
Бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” 7-уми апрел таҳти шиори «Саломатии миллат сарвати бебаҳост» мутахасисони соҳаи тандурустӣ дар якҷоягӣ бо шӯъбаи робита бо ҷомеъа ва масъалаҳои иҷтимоии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, инчунин бо Ҳизби Халқии ДемократииТоҷикистон, Раёсати Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят баҳри пешгирии бемории коронавирус дар 15 шаҳру ноҳияҳои вилоят миёни аҳолӣ ва хонандагону омӯзгорон аксия чорабинӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус гузаронида шуд.
Вобаста ба хабару овозаҳое, ки рузҳои охир тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гуё дар вилояти Суғд аз бемории коронавирус як нафар фавтида бошад дар робита ба ин аз ҷониби Раёсати тандурустии вилоят тавассути телевизион ва сомонаҳои иҷтимоӣ бо ҷалби намояндагони васоити ахбори омма вокуниш дода шуд, ки то ба имруз ягон ҳолати сироятёбӣ аз коронавирус дар ҳудуди вилоят ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.
Шарҳҳо баста шудаанд.