Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2022, №766 аз 20 октябр то 10 ноябри соли 2022 “Машғулиятҳои омӯзишӣ дар байни намояндагони васоити ахбори омма дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим ва роҳҳои беҳтар кардани уҳдадориҳои ҷомеа оид ба ваксина тавассути васоити ахбори омма ба роҳ монда шудааст.
Машғулиятҳои омӯзишӣ аз ҷониби МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Лоиҳаи #USAID оид ба устуворсозии низоми маҳаллии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Ташаббуси мубориза бар зидди бемории COVID-19 (LHSS) гузаронида мешавад.
27-октябр дар шаҳри Бохтар машғулияти омӯзишӣ дар байни 35 нафар рӯзноманигорон аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон гузаронида шуд. Дар ин давраи омӯзишӣ, ки ба он коршинос Шаҳноз Комилзода ҷалб шуда буд роҳҳои беҳтар инъикос намудани пешгирии бемориҳои фарогир ва дигар мавзӯҳои иҷтимоӣ ба намояндагони ВАО-и Хатлон ироа гардид. Ёдарас менамоем, ки чунин вохӯриҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Дар рафти омӯзиш рӯзноманигорон лоиҳаи паёмҳои калидиро таҳия намуданд, ки дар асоси онҳо бо мақсади беҳбуди вазъ ва фарогирии аҳолӣ бо ваксинаи COVID-19 маводи гуногуни ВАО таҳия карда мешаванд.