Аз як тадқиқоти донишмандони шведӣ бар меояд, ки нӯшидани шир вазни зиёдатиро кам мекардааст. Онҳо тазаккур медиҳанд, ки шир витаминҳои гуногун ва микроэлементҳои гуногун ва микроэлементҳои муфид, аз ҷумла калсий ва витамини Д дорад. Одамони калонсоле, ки дар давоми ду сол рӯзе ду истакон шир нӯшидаанд, беш аз панҷ килограмм вазни худро кам кардаанд. Аммо онҳое, ки се истакон нӯшидаанд, натиҷаи боз ҳам хубтарро ба даст овардаанд. Пажӯҳишгарон дар айни ҳол ёдрас менамоянд, ки шир вазнро ба тадриҷ, номаълум кам мекунад ва дар чеҳра ҳеҷ гунна нишони ожангҳо намудор нахоҳад шуд, дар сурате, ки ҳангоми баъзе парҳезҳо касс якбора лоғар мешавад ва пӯст пиру коҳи даву сусту заиф мегардад.
МД «Маркази ҷумҳуриявии
ташаккули тарзи ҳаёти солим»