Миёни кормандони муассисаҳои тандурустии шаҳри Душанбе марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди COVID-19 шуруъ шуд

222

Марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19  миёни кормандони муассисаҳои тандурустии  шаҳри Душанбе оғоз гардид.

Ёдовар мешавем, ки  23 марти соли равон  дар Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» бо иштироки Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода маъракаи аввали иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар Тоҷикистон расман оғоз гардид.

Тибқи нақша, нахуст гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, дар асоси принсипҳои ихтиёрӣ, аз ҷумла кормандони соҳаи тандурустӣ, соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, шаҳрвандони синни аз 60 боло, нафарони дорои бемориҳои музмини ғайрисироятӣ ва кормандони соҳаи маориф ва илм  ба ваксинатсияи зидди COVID-19 фаро гирифта мешаванд.

Бояд зикр намуд, ки ҳар нафари ваксинатсияшуда барои пурра пайдо намудани масуният бар зидди сирояти коронавирус бояд ду вояи ваксинаи  «AstraZeneca»-ро дар муддати аз 8 то 12 ҳафта (ё 2-3 моҳ) байни ҳарду  вояҳо қабул кунад. Бо ин мақсад маъракаи дуюми иммунизатсия бар зидди коронавирус марҳила ба марҳила миёни кормандони соҳаи тандурустии пойтахт, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ  гузаронида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯбаи механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19  ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд «AstraZeneca», ки тибқи иҷозатномаи он дар «Пажўҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон» (Serum Institute of India) истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардид. Ин ваксина 15 феврали соли 2021 ба рӯйхати маводи иммунобиологии дар ҳолатҳои фавқулода истифодашавандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба қайд гирифта шудааст. То ҳол аз он беш аз 72 давлати ҷаҳон истифода бурдаанд.

Манбаъ: АМИТ  “Ховар”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.