Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

315

Дар толори Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад сухани ифтитоҳиро Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо кушода ҳозирини толорро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар симои онҳо, кулли сокинони кишварро табрик намуда, аз таърихи ба даст овардани Парчам ва Истиқлол суханҳои пурмазмун гуфтанд. Дар ин радиф роҳбарияти Марказ Мухтарова Парвина низ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро табрик намуда, меҳмони қадрдон, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода  Маликшоро бо Дипломи Марказ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони намуданд. Зимнан Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Неъматзода Маликшо роҳбарияти МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Мухтарова Парвинаро бо Сипосномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдони  намуданд.

МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.