Мизи мудаввар дар байни намояндагони васоити ахбори омма ва вазорату идоваҳо оид ба “Ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”

2,662

 

Имрӯз  бо ташаббуси Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” дар ҳамкорӣ бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба баланд бардоштани маълумотнокии аҳолӣ оид ба истифодаи дурусти маводҳои зиддимикробӣ семинари омӯзишӣ доир гардид.

Семинари мазкур бахшида ба “Ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, дар он  намояндагони васоити ахбори омма, кормандони соҳаи бойторӣ, намояндагони раёсат, шуъбаҳо ва бахши кор бо занон ва оила, ҷавонон ва варзиш, дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ иштирок намуданд.

Мақсади асосии семинар баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ ва ривоҷ додани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба масъалаҳои истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ мебошад.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи Ҳафтаи аврупоии истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 30 ноябри соли равон баргузории семинари омӯзишӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустии ВМКБ (шаҳри Хоруғ), вилояти  Суғд (шаҳри Хуҷанд), вилояти Хатлон (шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб) ва ноҳияи Рашт баргузор мегардад.

МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.