Мизи мудаввар оид ба пешгирии сирояти коронавирус

286

Санаи 08 июл дар МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” мизи мудаввар дар мавзӯи пешгирии  хатари сирояти бемории коронавирус бо иштироки намояндагон аз Вазорати нақлиёти ҶТ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ,  Хадамоти санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати ҶТ, МДК “Душанбехадамотнақлиётрасон”, фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон”,  Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва КВД бозорҳои “Саховат”, “Обшорон”, “Меҳргон”, “Ховарон” баргузор гардид.

Мақсад аз баргузор шудани ин вохӯрӣ назорат дар самти пешгирии сирояти коронавирус дар байни аҳолӣ ба шумор рафта, роҳҳои паҳн нагардидани беморӣ, яъне  риояи қатъии қоидаҳои гигиенаи ҷамъиятӣ аз ҷониби шаҳрвандон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва дохили воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ мебошад. Дар ин самт бояд ҳамкориҳои муштарак тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, дар якҷоягӣ амалӣ карда шаванд. Корҳои оммафаҳмониро дар байни аҳолӣ оид ба истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ дар бозорҳо, Марказҳои савдо, нақлиёти ҷамъиятӣ, дар боғу гулгаштҳо пурзӯр намуда, доимо назорат ва санҷишҳо гузаронида шавад.

Дар охири ҷаласа қайд карда шуд,  минбаъд дар доираи чоранақшаҳои пешбинишуда гурӯҳҳои корӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомоти давлатӣ корҳои оммафаҳмониро идома дода, дар самти пешгирии сирояти коронавирус ва солимии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Мизи мудаввар оид ба пешгирии сирояти коронавирус

Шарҳҳо баста шудаанд.