Аз ҷониби мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими Вазорати тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо СУТ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни намояндагони васоити ахбори омма, ҷавонон, занон, дин, фарҳанг, маориф дар ноҳияи Рашт мизи мудаввар оид ба “Ҳафтаи истифодаи дурусти доруҳои зиддимикробӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории ин чорабини баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ ва коҳиш додани истифодаи нодурусти антибиётикҳо мебошад.