Бо иштироки директори МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухтарова Парвина дар як қатор “Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешгирии хуруҷи дубораи бемории коронавирус мониторинг гузаронида шуд. Дар рафти вохӯриҳо қайд гардид, ки ҳадаф аз гузаронидани мониторинг, аввалиндараҷа сари вақт огоҳ намудани мардум оид ба пешгирӣ аз хуруҷи ин бемории сироятӣ мебошад, чунки мавсими дубора хуруҷ кардани Ковид-19 бо чигуна нишонаҳо меояд дақиқан маълум нест. Аз ин лиҳоз корҳои оммафаҳмонӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои пешгирӣ, барои коҳиш додани хуруҷи ин беморӣ мусоидат хоҳад кард.