МУҲАББАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БУЗУРГ АСТ

147

   Имрӯз муҳаббату самимият ва меҳру эътиқоди халқи  тоҷик нисбат ба  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  хеле баланд аст.  Ин аз он ҷост, ки Пешвои Миллат бо тамоми  ҳастӣ ва бо меҳри  беандоза  ба халқу Ватан барои ободии  кишвару некӯаҳолии ҳамагон  мекушанд, ҳамеша миёни мардуманд ва ҳамеша парчами созандагӣ ба даст доранд.   Меҳру муҳаббати  самимии беғаразонаи халқ ба Пешвои худ, зимни ҳар боздиду мулоқоти  сарвари кишвар дар монотиқи гуногуни  ҷумҳурӣ бо меҳнаткашон  равшан ба мушоҳида  мерасад.                                                                                                                                                                                     Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеан ҳам дасти созанда ва қалби сулҳовару  ваҳдатпарвар доранд, зеро  тавонистан  дар як муддати кӯтоҳ дар Тоҷикистон сулҳу саодатро пайдор гардонанд.Президенти муҳтарам аз рӯзҳои аввал эҳсос намуданд, ки бояд дар Ватани азизамон мардум бо ҳамдигар дӯсту бародар ва эҳтиромгузор бошанд, то диёри азизамон бештар обод ва қалби мардум шод гардад, хушбахтона, ба ин мақсадҳои наҷибашон ноил шуданд.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.