Дар раванди ташаккули инсоният як қатор падидаҳое ҳастанд, ки барои зиндагии башарят ҳатми ва зарурӣ ба шумор мераванд. Ханда аз ҷумлаи ин падидаҳо мебошад, ки барои сазовор будан ба ҳаёти солим ба шахс мусоидат мекунад.
Ханда бисёр фазилатҳо дорад нишонаи шодмонӣ аст, ки ин метавонад ба инсоният ҳаёти дурахшонро боқи гузорад ва аз ҳама зарур имкон дорад, ки вазъи ҷисмонӣ ва руҳии инсонро муътадил нигоҳ дорад. Одамоне, ки хандиданро дуст медоранд, кам бемор мешаванд, асабониятро камтар ҳис мекунанд ва ба рӯҳафтодагӣ қариб, ки дучор намешаванд. Ба гуфти коршиносон вақте, ки инсон механдад, дар баробари ханда гормонҳои хушбахтӣ – эндорфин ҳосил мешавнд, ки ҳормони стрессро коҳиш дода ба инсон имкон медиҳад то ғаму андӯҳро аз худ дур намояд.
Ханда ба ҳолати руҳии инсон таъсири мусбӣ мерасонад, ханда ҳаракати хеле муҳим барои фаъолияти ҳама системаҳои организм ба ҳисоб меравад. Масалан, вақте ки инсон механдад, рагҳои хунгард васеъ мешаванд, гардиши хун беҳтар мегардад, фишори хун паст шуда, хатари пайдоиши лавҳаҳои холестерин кам мегардад ва шахсро аз гирифторшавӣ ба бемории сактаи дил кӯмак мекунад. Ханда ритми нафаскашии моро ба куллӣ тағйир медиҳад нафаскашӣ амиқтар ва дарозтар мешавад, ки дар натиҷа мубодилаи газҳо якчанд маротиба суръат мегирад, фаъолияти шуш хуб шуда ба тоза кардани балғамҳои шуш мусоидат мекунад. Инчунин машқи беҳтарин барои шахсони гирифтори бемории астма ва бронхит мебошад.
Тадқиқотҳо нишон доданд, ки хандидан барои онҳое, ки сактаи мағзи сар ё ишемияи музмини мағзи сар доранд муфид аст. Сирри ин дар он аст, ки байни шиддати мушакҳои рӯй ва таъминоти хун бо мағзи сар иртиботи мустақим вуҷуд дорад. Зеро мушакҳои тақлидӣ бештар аз ҳама ҳангоми табассум ё хандидан шиддат мегиранд. Одамоне, ки аксар вақт механданд, метавонанд табобати пластикӣ ва гаронарзиши пӯстро фаромӯш кунанд. Гап дар сари он аст, ки ханда мушакҳои рӯйро ба ҳаракат медарорад ва гардиши хунро беҳтар мекунад ва бо шарофати ин, дар рӯй рухсораи табиӣ пайдо мешавад.
Ханда инчунин аэробикаи “дохилӣ” ҳисобида шуда, он барои мустаҳкам кардани мушакҳои шикам, пушт ва пойҳо дармони хуб аст. Як дақиқаи ханда ба 10 дақиқаи машқи шадид дар толори варзиш ё 15 дақиқа дучархаронӣ баробар аст. Як соат аз таҳти дил хандидан, метавонад то 500 калорияро сӯзонад. Инчунин хандаро метавон ҳамчун як массажи мушаххас ҳисобид, зеро ба истироҳати зиёда аз 80 гурӯҳи мушакҳо мусоидат мекунад.
Ба таври илмӣ исбот шудааст, ки ханда барои мубориза бо сироятҳо кӯмак мекунад. Пас аз як дақиқаи хандаҳои самимӣ, бадани инсон тавассути роҳҳои нафаскашӣ миқдори зиёди антителаҳоро хориҷ мекунад, ки моро аз бактерияҳо ва вирусҳои гуногун муҳофизат мекунанд. Ғайр аз ин, ханда истеҳсоли сафедаҳои хунро, ки бо бемориҳои гуногун аз ҷумла саратон мубориза мебаранд зиёд мекунад.
Мутахассиси МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарҳи ҳаёти солим” Саёҳати Насриддин