Мутахассисони Чин бо табибони сироятшинос ва эпидемиологи Хатлон табодули таҷриба намуданд

212

Мутахассисони соҳаи тибби Чин дар вилояти Хатлон бо табибони сироятшинос ва эпидемиологҳои вилоят оид ба пешгирӣ ва табобати беморони коронавируси нави COVID-19 табодули таҷриба намуданд.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар айни замон табодули таҷрибаи  мутахассисони соҳаи тибби  Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мутахассисони соҳаи тибби вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати гирифторони  сирояти коронавируси нави COVID-19 саривақтӣ мебошад.

Суҳбати мазкур 26 май зимни мулоқоти муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ва сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Миралӣ Раҷабзода бо мутахассисони соҳаи тибби  Ҷумҳурии  Мардумии Чин, ки 24 май ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада буданд, доир гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ сафари мутахассисони Чин  ба Тоҷикистон  идомаи ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати дӯсту бародар арзёбӣ гардид.

Мутахассисони Чин барои пазироии гарму самимӣ ба муовини раиси вилояти Хатлон ва сардори Раёсати тандурустии вилоят изҳори сипос намуданд.

Шарҳҳо баста шудаанд.