Намоиш ва тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳо бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ
Санаи 07.04.2022 бахшида ба “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ” таҳти шиори «Сайёраи мо, солимии мо» дар Муассисаи давлатии Пажуишгоҳи гастроэнтерологияи Тоҷикистон чорабинии омавӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ МД «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим» зиёда аз 32 намуд варақаи иттилоотӣ, оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонид. Дар рафти чорабинӣ аз ҷониби мутахассисони Марказ, зиёда аз 2742 варақаи иттилоотӣ дар байни интирокчиён тақсим карда шуд. Инчунин дар рафти тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ ба ҳар як шахс мафҳуми он фаҳмонда шуд.