Пайдоиш ва паҳншавии бемории Covid-19 сокинони аксари кишварҳои ҷаҳонро водор кардааст, ки ниқоб пӯшанд. Аз сабаби он, ки теъдоди зиёди одамон ин бемориро бидуни аломат мегузаронанд ва паҳнкунандаи бемории сироятии коронавирус шуда метавонанд, пӯшидани ниқоб зарурӣ дониста мешавад. Истифодаи дурусти ниқоб яке аз воситаҳои муҳими пешгирии сирояти Covid-19 ба ҳисоб меравад. Аммо дар ҳолати риоя нашудани қоидаҳои пӯшидан ва баъд аз истифода безарар накардани ниқоб, он метавонад сарчашмаи сироят шавад.
Пушидани ниқоб қойдаҳои худро дорад:
- Агар шумо ниқоби тиббиро ҳамчун чораи муҳофизат аз сирояти коронавирус интихоб карда бошед, пас мувофиқи тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ шахс бояд ҳангоми истифодаи ниқоб якчанд вазифаҳои онро донад.
- Пеш аз пушидани ниқоби тиббӣ, ниқобро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонед.
- Ба дохили ниқоб даст нарасонед, агар даст расонида бошед ҳатман дастонатонро бо маҳсулоти антисептикӣ безарар гардонед ва ё бо собун шуед.
- Дар ҳолати зиёд истифода бурдани ниқоб онро иваз намоед.
- Баъд аз истифодаи ниқоб онро ҳатман дар қуттии сарпӯшдор партоед, сипас дастони худро бо маҳсулоти зидиуфунӣ безарар гардонед ва ё бо собун бишуед.
- Ҳеҷгоҳ ниқоби шахси дигарро истифода набаред.
- Дар ҷойҳои серодам
- Нақлиётҳои ҷамъиятӣ
- Марказҳои савдо (ҳангоми муошират ва гаштугузор)
- Муассисаҳои тиббӣ
- Дилхоҳ чорабиниҳо
- Муассисаҳои таълимӣ
ва дигар ҷойҳое, ки хатари бемориҳои сироятӣ аз ҷумла коронавирус ба саломатии инсон таҳдид мекунад.
Маврид ба зикр аст, ки Ковид-19 дар кишвари азизамон Тоҷикистон чанд муддат мешавад, ки ба қайд гирифта намешавад, аммо корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар самти бемории сироятии коронавирус аз тариқи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ инчунин дар байни аҳолӣ бо маром идома дорад. Аммо новобаста ба ҳолати эпидемикии имрӯза аҳолии кишвар дар кӯчаву хиёбонҳои кишвар бе истифода аз ниқобҳои тиббӣ гаштугузор ва муоширати наздик менамоянд, баъзе аз шаҳрвандон қойдаҳои пешгирикунандаро риоя накарда ниқоб ва дастпӯшакҳои истифода шудаи худро ба роҳравҳо, нишастгоҳҳо, кӯчаву хиёбонҳо бе асос мепартоянд, ки ин метавонад яке аз манбаҳои бештари авҷгирии бемории сироятии коронавирус гардад. Аз ин лиҳоз аз ҳар як шаҳрванди кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки барои пешгирии сирояти бемории коронавирус бетараф набошанд.
Таҳияи: Мирзоев Насимҷон
Мудири шуъбаи иттилоот ва чопи МД “МҶТТҲС”