Нашъамандӣ – вабои аср

243

Нафсу шайтон мебаранд аз раҳ туро,

То биандозанд андар чаҳ туро.

 Маълум аст, ки дар давоми чанд даҳсолаи охир нашъамандӣ ба саломатии мардуми сайёра, аз ҷумла аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид мекунад, ба пешрафти иқтисод, фарҳанг, баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва саломатии аҳолӣ монеа ба вуҷуд меорад. Нашъа чун моддаи мадҳушкунанда ҷавононро дар айни авҷи камолот ба беморӣ мубтало месозад, ба худ вобаста менамояд, ҳатто, ба марг мерасонад. Нашъамандӣ зиндагиро хароб, оилаҳоро вайрон мекунад, падару модаронро ба ғаму ғусса гирифтор менамояд. Ин беморӣ бунёди оилаҳоро барбод медиҳад, ширинию лаззати ҳаётро аз байн мебарад ва доғест барои ҷомеа.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зерсохторҳои он, аз ҷумла Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим хавфу хатар, оқибатҳои нашъамандиро ба сиҳатии мардум, бахусус ба сиҳатии ҷавонон пурра дарк мекунанд ва барои аз байн бурдани ин беморӣ аз тамоми имкониятҳо истифода мебаранд. Маълум аст, ки нашъамандӣ яке аз омилҳои хатарноки паҳншавии бемориҳои сироятӣ, инкишофи бемориҳои ҷиддии узвҳои системаи асаб, дилу рагҳо ва бемориҳои музмин мебошад.

Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои мубориза бар зидди нашъамандӣ бо Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, МД “Маркази ҷумҳуриявии наркологӣ” ба номи профессор Минҳоҷ Ғуломов ҳамкории доимӣ дорад. Маълум аст, ки ҳадафи асосии Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим тарғибу ташвиқи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ мебошад. Марказ барои ба ин ҳадаф расидан аз тамоми чораву имкониятҳо истифода мебарад. Мавзӯи нашъамандӣ, оқибатҳои фалокатбори он, пешгирӣ ва роҳҳои даст кашидан аз он яке аз мавзӯъҳои асосии барномаҳои телевизионӣ ва радио аст, ки дар он кормандони Марказ саҳми бевосита мегузоранд. Ин мавзӯи доғи рӯз бо иштироки мутахассисон таҳлилу баррасӣ мегардад ва ба таваҷҷуҳи бинандагон ва шунавандагон расонида мешавад.

Яке аз тадбирҳои пурсамар, ки Марказ доимо анҷом медиҳад, кор дар байни аҳолӣ, дурустараш дар байни ҷавонон мебошад. Ба ҳамин мақсад кормандони Марказ дар ҷойҳои серодами шаҳр, боғу майдонҳо (боғи Ирам, назди театри опера ва балети ба номи устод С. Айнӣ ва Сирки давлатӣ) бо ҷавонон вохӯриҳо мегузаронанд, оид ба мавзӯъҳои гуногуни тандурустӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ маълумот медиҳанд, китобчаву буклетҳо ва варақаҳои иттилоотӣ паҳн мекунанд. Яке аз мавзӯъҳои асосии сӯҳбат дар байни ҷавонон ин фаҳмонидани оқибатҳои фалокатбори нашъамандӣ аз нигоҳи тиб мебошад. Бо далелҳои боварибахш зарари маводи нашъадор ба ҷисму ҷони одам, ба ҳаёти минбаъдааш фаҳмонида мешавад.

Ҳар сол 26-уми июн бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии нашъамандӣ муассисаҳои масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии назорати маводи нашъавори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни иттилоотию маърифатиро анҷом медиҳанд.

Он чӣ мо гуфтем, хос ба Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим ва ҳамкории он бо идораҳои масъул буд. Инро ҳам бояд ёдовар шавем, ки ҳамин гуна корҳои тарғиботӣ, чорабиниҳои гуногуни иттилоотию маърифатӣ аз тарафи марказҳои тарзи ҳаёти солими вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ анҷом дода мешаванд. Дар нақшаи кории марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мубориза ба муқобили нашъамандӣ аз бандҳои асосӣ мебошад. Онҳо мутобиқи нақша кор мекунанд, барномаҳои телевизионӣ ва радио доранд, дар байни аҳолӣ пайваста кор мебаранд.

Мубориза ба муқобили нашъамандӣ, гирифтани пеши роҳи паҳншавии он кори як рӯзу ду рӯз ва мавсимӣ нест ва кори як-ду ташкилот ҳам нест. Ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар ҳамкорӣ бо маќомоту ташкилоти давлатӣ дар ин раванд саҳми арзанда гузошта метавонанд. Хулоса, дар мубориза бар зидди нашъамандӣ мо бояд ҳама муттаҳид бошем, сарҷамъона кор барем. Дар ҳамон маврид дарёфт, табобат ва барқарор намудани саломатии беморони гирифтори нашъамандӣ осонтар мегардад. Дар ҳамон сурат мо сиёсати давлатро дар масъалаи саломатии аҳолӣ амалӣ намуда, насли ояндаро аз ин бало наҷот мебахшем ва ба натиҷаҳои дилхоҳ мерасем.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.