Натиҷаи фаъолияти 10-солаи Муассисаи Давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

95

Тарзи ҳаёт, зисту зиндагии инсон дар ҳифзу пойдории саломатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва нақши асосӣ дорад. Санаи 10.11.2020 дар Муассисаи Давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаласаи шурои ҳамоҳангсозии назди вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020”  баргузор  гардид.

Дар кори ҷаласа Иштирок доштанд Наврӯз Ҷаъфаров Сардори раёсати амнияти санитарию эпидемилогӣ, ҳолатҳои фавқулода ва ёрии фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парвина Мухтарова директори М.Д “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, инчунин директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва  намояндагони вазорату идораҳо, иштирок доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳадафи баргузории ин ҷаласа ба охир расидани барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои 2011-2020 ва амали гардидани бандҳои барномаи миллӣ, ки аз 72 банд иборат мебошад масъалагузори карда шуд.

Мақсади Барнома ташаккули муносибати нави шаҳрвандон тавасути принсипҳои тарзи ҳаёти солим, аз он ҷумла баланд бардоштани сатҳи маърифати тиббии сокинони кишвар, тағйири рафтор нисбат ба саломатии хеш, дарки моҳияти тарзи ҳаёти солим, татбиқи барномаҳои самараноки минтақавӣ оид ба ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили системаи тайёркунӣ, бозомӯзӣ ва баланд бардоштани ихтисоси мутахассисони соҳаҳои гуногун оид ба масъалаҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим, такмили сохтор ва таъсиси заминаи моддию техникии марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим ва баланд бардоштани самаранокии кори онҳо мебошад.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.