Дар нимаи якуми ҳомиладорӣ зан бояд ба маслиҳатхона дар як моҳ 1 маротиба, баъд аз 20 ҳафтаи ҳомиладорӣ – 2 маротиба, баъд аз 32 ҳафта – 3-4 маротиба муроҷиат намоянд. Дар мавриди зарурӣ духтур мулоқотҳои зиёдеро таъин мекунад.
Дар ҳолати муқаррар ҷараён доштани ҳомиладорӣ, барои таввалуд кардан ба беморхона дар 37-38 ҳафта хобидан тавсия дода мешавад. Ҳангоми пайдошавии хатари носозиҳо хобондан ба беморхона дар ҳар гунна мӯҳлати ҳомиладорӣ гузаронида мешавад.
Таъсири ҳомиладорӣ ба ҷараёни ВНМО
Маълум аст, ки дар давраи ҳомиладорӣ қувваҳои муҳофизатии организми зан суст мешавад. Барои ҳамин, хатарҳое вуҷуд дорад, ки ин тағйирёбиҳои табии метавонанд авҷгирии инфексияро дар занони ҳомиладори бо ВНМО сироятёфта, зиёд кунанд. Аммо, мушоҳидаҳои зиёд аз болои ҳолати занони мубталои ВНМО дар вақти ҳомиладорӣ ва баъд аз таваллуд дар муқоиса бо занҳои ҳомиладори мубталои ВНМО набуда фарқиятеро дар авҷгирии беморӣ пайдо накардаанд.
Дар кадом маврид сирояти ВНМО аз модар ба кӯдак руй дода метавонад?
Хатари интиқоли ВНМО аз модар ба кӯдак аз 20 то 45%-ро ташкил мекунад, агар дар ин самт ягон чораҳои пешгирикунанда андешида нашавад. Дар ин маврид хатари аз ҳама баланд – давраи таваллуд мебошад.