Оби нӯшокӣ давои фишори пасти хун

215

Фишори пасти хун ва ё гипотония ба монанди фишори баланди хун чандон хавфнок набошад ҳам доруҳои барои он тавсияшуда хеле камаанд ва таъсири аниқ надоранд. Вале як воситаи хеле хубест, ки барои дарёфти он ба дорухона рафтан лозим нест… Ин “ Субҳгоҳон, дарҳол аз ҷойхоб нахеста 450-500 мл, ё 2-2,5стакан об истеъмол намоед. Танҳо баъди 5-15 дақиқа пас аз қабули дору оҳиста аз ҷой бархезед”.  Ин  табобатро олимони инглис аз коллеҷи Империя дар Лондон ба ашхосе, ки аз фишори пасти хун азият мекашад, тавсия медиҳанд.

Барои марди фишори пасти хун аз 100/60мл р/с, ва барои занҳо аз 95/60мл р/с  паст ба ҳисоб меравад. Вале агар бо чунин фишори хун шумо худро бароҳат ҳис намоед ба бемории фишори пасти хун гирифтор нестед ва ин меъёри муътадили шумост. Шахсро танҳо дар ҳолате бемор меҳисобанд, ки агар дар чунин меъёр сарчархзанӣ, дарди сар, сустии тамоми бадан, хастаҳолӣ ва хоболудӣ, дилбеҳазурӣ ва дар  баъзе ҳолатҳо беҳушшавӣ ба назар расад. Дар чунин маврид об доруйи хубест барои Шумо!

                                                                  МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.