Одамон чигуна ба бемории мавсимии зуком гирифтор мешаванд?

214
Зуком (грипп) бемории шадиди сироятие мебошад, ки онро вирусҳои A ва ё B ба вуҷуд меоварданд, ин вирусҳо бештар дар фасли сармо хуруҷ карда то аввалҳои моҳи март идома мёбад, сабаби хуруҷ кардани ин беморӣ дар фасли сармо ин беаҳамиятии худи шахс мебошад. Дар ин фасл бештари нафарон аз ҷумла ҷавонон беаҳамиятӣ зоҳир намуда либосҳои мавсимии худро ба бар намекунанд, инчунин онҳо субҳи содиқ ҳамом намуда бо муйҳои тар ба кӯча мебароянд ва нӯшокиҳои хунук менӯшанд, ки ин метавонад шахсро ба гирифтории бемории мавсимии зуком оварда расонад. Зикр кардан лозим аст, ки одамони синну соли гуногун ба ин бемориҳо дучор мегарданд, аммо аз ҳама бештар кӯдакон ва пиронсолон ба ин бемориҳо ҳассосият доранд ва дар гурӯҳи хатар қарор мегиранд.
 
Нишонаҳои бемории зуком ба шахс яку якбора худро намоён намекунад ин беморӣ шахсро ба беҳолӣ, таби баланд, резиши оби бинӣ, дарди гулу, дарди сар, дарди мушакҳо оварда мерасонад. Яъне агар шумо субҳи содиқ худро хуб эҳсос карда бошед, баъд аз нисфирӯзи ин беморӣ метавонад шуморо ба беҳолӣ оварда расонад. Зуком метавонад аз шахсӣ бемор ба нафари солим бо роҳҳои ҳавоию қатрагӣ гузарад. Он нафаре, ки ба ин бемори гирифтор мешаванд ҳатман худро аз нафарони солим дур нигаҳ дорад, то дигаронро сироят накунад.
Маврид ба зикр аст, ки давраи сироят то оғози бемории зуком, аз 1 то 4 рӯз ва дар баъзе ҳолатҳо метавонад то 2- ҳафтаро дар бар гирад. Зуком метавонад шахсро ба бемории шуш, танг шудани роҳҳои нафас, дарди буғум, дарди гуш, дарди гулу оварда расонад, аз ин рӯ ҳар як шахс нисбат ба саломатии худ набояд бетараф бошад.
 
Усули асосии пешгирии зукоми мавсимӣ, пеш аз ҳама эмгузаронии солона ва риояи гигиенаи шахсӣ мебошад, ки хавфи пайдоиши бемориҳои сироятиро дар фасли сармо ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Гуфтан лозим аст, ки он нафаре, ки ба ин беморӣ гирифтор шудаанд ҳеҷгоҳ ба худтабобаткунӣ роҳ надиҳад, пеш аз табобт кардан сараввал бемор бояд ташхисро дақиқ мушаххас гардонад зеро одамон аксаран зукоми мавсимӣ ё ҳамагирро бо дигар сироятҳои шадиди вирусии сироятӣ иштибоҳ мекунанд, ки ин бар зарари саломатии ӯ мебошад. Аз ин рӯ дар ҳолати саломатиатон бад шудан ҳатман ба муассисаҳои тиббӣ ва ё табиби оилавиатон муроҷиат намоед.
 
Инчунин шумо метавонед то омадани табиби оилавиатон чой, ширчой, асалчой, чой бо қиёми марминҷон, қулфинайро бинӯшед.
 
Риояи чанд амалҳои одие, ки имрӯз метавонад шуморо аз гирифтор шудан ба бемориҳои сироятӣ эмин нигаҳ дорад:
– Ҳар як шахс уҳдадор аст, ки пеш аз омода намудани хӯрок, пеш аз истеъмоли таом, баъд аз қазои ҳоҷат, пас аз даст расондан ба ашёҳои гирду атроф, пас аз сулфа ва атса задан, баъд аз сайру гашт ба хона омада ҳатман дастони худро, бо собун ва об инчунин маводҳои антисептики тоза намояд. Зикр кардан ба маврид аст, ки зуд-зуд шустани дастон метавонад сироятёбӣ ба ин бемориро камтар кунад.
– Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳону бинии худро бо руймолчаи яккарата ва ё бо оринҷ пӯшонед. Пас аз истифодаи руймолчаи яккарата шумо ҳатман онро ба қуттии партови сарпӯшдор партоед.
– Дар ҳолати саломатии худро бад ҳис кардан, дар хона бимонед. Агар шумо нишонаҳои аввали бемориро ҳис кунед ба кор наравед. Кӯдакони беморро ба мактаб, боғча ё кӯдакистон нафиристед. Танҳо вақте, ки кӯдак шифо меёбад ва худро беҳтар ҳис мекунад, метавонед ӯро ба муассисаи таҳсилотӣ равон намоед.

Таҳияи: Азиза Саидова

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.