Дар фасли тобистон ҳангоми истироҳат дар лагер, майдончаҳои солимгардонӣ, бачагон оббозӣ карданро дўст медоранд ва илова бар ин барои обутоби бадан дар офтоб хоб мераванд. Оббозӣ кардан ва дар офтоб хоб рафтан қоида дорад. Агар ин қоидаҳо риоя карда нашаванд, одамро офтоб мезанад ё ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданаш мумкин.
Аломатҳои офтобзанӣ инҳоянд:
- баландшавии ҳарорати бадан
- сурхшавӣ ва хушкшавии пўст;
- тундмиҷозӣ;
- беҳушии сатҳаш афзоишёбанда;
- тапиши зиёди дил ;
- камқувватӣ;
- зуд-зуд нафаскашии рўяки
Расонидани ёрии аввалин ҳангоми офтобзанӣ:
- ҷабрдидаро ба ҷойи салқин хобонед;
- ба ў оби сард нўшонед;
- либоси тангашро ба либоси васеъ иваз кунед;
- либоси бо арақи бадан таршударо аз ҷисмаш бикашед;
- пахта ё матои бо оби сард таркардашударо ба қадкашак, таги каш ва гардани ҷабрдида гузоред;
- бадани ҷабрдидаро бо истифода аз маводди дастрас (сачоқи тар, бистарпўши тар) хунук кунед