Оё пӯшидани ниқоб хатари сироятро кам менамояд

252

Пайдоиш ва паҳншавии бемории COVID-19 сокинони аксари кишварҳои ҷаҳонро водор кардааст, ки ниқоб пӯшанд. Рӯзи 30-юми апрел аввалин ҳолатҳои сироятёбии одамон ба коронавирус дар Тоҷикистон расман эълон шуд. Ҳамзамон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 қарор дар бораи ҳатмӣ будани истифодаи ниқобҳои тиббӣ барои аҳолиро қабул кард. Аз сабаби он ки теъдоди зиёди одамон ин бемориро бидуни аломат мегузаронанд ва паҳнкунандаи коронавирус шуда метавонанд, пӯшидани ниқоб дар кишвари мо зарур дониста шудааст. Истифодаи дурусти ниқоб яке аз воситаҳои муҳими пешгирии сирояти COVID-19  ба ҳисоб меравад. Аммо дар ҳолати риоя нашудани қоидаҳои пӯшидан ва баъд аз истифода безарар кардани ниқоб, он метавонад сарчашмаи сироят шавад. Вобаста ба истифодаи дурусти ниқоб, мо бо якчанд  мутахассисонӣ соҳаи тандурустӣ ҳамсуҳбат шудем.

Ғиёсиддин МироҷовАкадемик Ғиёсиддин Мироҷов зимни суҳбат зикр кард, ки аз ҳамон рӯзе коронавирус дар ҷаҳон пандемия эълон карда шуд, тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакатҳои ҷаҳон аз ин беморӣ танқиси кашидаанд, имрӯз зиёда аз 13 миллион аҳолии рӯи замин ба ин беморӣ гирифтор шудааст.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 ва беҳдошти сиҳатии мардум, инчунни ба шахсоне, ки қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, аз ҷумла талаботи чорабиниҳои маҳдудкунандаи карантиниро вайрон мекунанд,  қонун ба имзо расонд. Аз ин қонуне, ки Президенти кишвар қабул намудааст мо бисёр хушнуд гаштем, чун имрӯзҳо дида мешавад, ки дар кӯчаю хиёбонҳо,  бозору мағозаҳо бештари одамон бе ниқоб гашту гузор карда истодаанд, баъд аз қабули ин қонун албатта онҳо дар ҷойҳои серодам бениқоб гаштугузор намекунанд. Вобаста ба зарарҳояшон гуфтан лозим аст, ки агар шахс ниқобро дуруст истифода барад он ҳеҷ зарар надорад. Имрӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистон, сатҳи  сироятёбӣ аз бемории  коронавирус ниҳоят паст шуда истодааст, ки хушбахтии ҳар як шаҳрванди мо мебошад”, – қайд намуд Ғ. Мироҷов.

Мунира ҒинизодаДиректори Маркази милии солимии репродуктивӣ Мунира Ғанизода дар мавриди занҳои ҳомилае, ки ба бемории коронавирус гирифтор шудаанд чунин иброз намуд: “вируси COVID -19 вируси нав буда, айни ҳол дар марҳилаи тадқиқоти олимон мебошад.  Бинобар ин  таъсири вируси КОВИД-19 ба тифли дар батни модар буда  то ҳол ба пурраги  таҳлил нагардидааст, барои ин таҳлилҳо вақти муайян зарур аст”. 

Мунира Ғанизода иброз дошт, ки аз тарафи мутахассисони МСР-и ҷумҳурӣ  дар вақти гардишҳои ҳавлигӣ ҳангоми дарёфти ҳомиладорони  бо нишонаҳои бемориҳои шадиди роҳи нафас  (сирояти COVID-19), назорати ҷиддӣ ва табобати онҳо  гузаронида мешавад.

Фирдавс РауповФирдавс Раупов Сардори шуъбаи Муассисаи давлатии марказӣ Ҷумҳуриявии таълимию клиникии тиббӣ оилавӣ оид ба мавқеи расмии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) дар бораи қобилияти ниқобҳои тиббӣ аз сирояти коронавируси SARS-CoV-2-ро, чунин шарҳ дод, ки  пӯшидани ниқоби тиббӣ метавонад барои паҳнкардани баъзе сироятҳои нафаскашӣ кӯмак расонад. 

Ба гуфтаи ӯ, танҳо пӯшидани ниқоб монеаи кафолатнокии вирусҳо нест ва онро бо дигар чораҳои пешгирикунанда, аз ҷумла гигиенаи даст, нафаскашӣ ва канорагирӣ аз алоқаи наздик бо худ дар масофаи  аз 1,5 то 2 метр, дар байни худ ва одамоне, ки эҳтимолан вируси коронавирус ҳастанд бояд, ки нигоҳ доранд.

Агар  шумо ниқоби тиббиро ҳамчун чораи муҳофизат аз сирояти коронавирус интихоб карда бошед, пас мувофиқи тавсияҳои Ташкилоти умумии тандурустӣ ҳангоми истифодаи он як қатор чораҳои бехатариро риоя кардан лозим аст: Пеш аз гузоштани ниқоби тиббӣ, бо маҳлулҳои антисептикӣ ва ё собун безарар гардонед, баъд аз безарар гардонидан  ниқоби худро пӯшед, ҳангоми истифодаи ниқоб ба дохили он даст нарасонед, агар даст расонида бошед ҳатман  дастонро бо маҳсулоти спиртӣ ва ё собун шуста баред. Дар ҳолати зиёд истифода бурдани ниқоб онро иваз намоед. Баъд аз истифодаи ниқоб онро ҳатман дар қуттии сарпӯшдор партоед, сипас дастони худро бо маҳсулоти спиртӣва ё собун безарар гардонед. Ҳеҷгоҳ ниқоби тиббиро зиёд истифода набаред”, – афзуд ҳамсуҳбат.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда дар самти бемории сироятии коронавирус аз тариқи барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ инчунин дар байни аҳолӣ бо маром идома дорад. Аммо новобаста ба ҳолати эпидемикии имрӯза аҳолии кишвар дар хиёбону кӯчаҳои кишвари азизамон бе риояи гигиенаи шахсӣ ва бе истифодаи ниқоб дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр гашту гузор менамоянд. Инчунин бештар ба назар мерасад, ки шаҳрвандон пас аз истифодаи ниқоб ва дастпӯшакҳои тиббӣ онҳоро ба қуттиҳои партовгоҳ намепартоянду ба роҳравҳо, нишастҳо, кӯчаву хиёбонҳо бе асос мепартоянд, ки ин метавонад яке аз манбаҳои авҷгирии мавҷӣ 2-юми бемории сироятии коронавирус гардад.

Шаҳрвандони гироми бояд фарош накунед, ки саломатии ҳар як шахс дар дасти худи ӯст. Пас мебояд, ки барои ҳифзи саломатии худ қоидаҳои гигиениро риоя намуд. Гарчандеки ниқобҳои тиббӣ аз коронавирус ҳифз карда наметавонанд, вале онҳо хатари сироятро кам менамоянд. Пӯшиданини ниқобҳои тиббӣ метавонад сабаби маҳдуд шудани бемориҳои роҳи нафас гардад.

Ба тавсияи мутахассисон, барои пешгирӣ аз коронавирус бояд ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, ба пардаҳои луобӣ: бинӣ, чашм ва даҳон камтар даст расонад.

Рӯзноманигор: Азиза Саидова

Шарҳҳо баста шудаанд.