Вазоратӣ тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) лоиҳаи “Модари солим, кӯдаки солим” озмуни “Момодяи беҳтарин”-ро дар шаҳри Бохтар дар байни 12 ноҳияи таҷрибавии Ҷ.Балхӣ, Дустӣ, Ҷайҳун, А.Ҷомӣ, Хуросон, Кушониён, Леваканд, Носири Хусрав, Қубодиён, Шаҳритус, Вахш, Ёвон роҳандозӣ намуданд. Боиси зикр аст, ки ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон, барои коҳиш додани фавти модарону кӯдакон ва камғизоӣ дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон амалӣ шуда истодаст.
Лоиҳаи USAID “Модари солим, кӯдаки солим” бо мақсади баланд бардоштани донишу малакаи момодояҳо, расонидани кумаки саривақтӣ ба занҳои ҳомила ва кӯдакони навзод, инчунин барои баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ роҳандозӣ мегардад. Баргузории озмуни “Момодояи беҳтарин” – низ ба ҳамин мақсад гузаронида шуд. Ёдовар мешавем, ки дар ин озмун намояндагони Мақомити иҷрояи ҳокимияти давлатии волояти Хатлон низ иштирок намудаанд.