Бо мақсади пешгирӣ намудани сирояти коронавирус ва ҷиҳати баланд бардоштани маърифати тиббии аҳолӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дар мониторҳои толори парвоз ва фурудоӣ маводҳои видеоӣ барои намоиш ба мусофирон ҷойгир карда шуд. Инчунин, дар монитори толори асосии Истгоҳи Роҳи оҳани шаҳри Душанбе ҷиҳати маълумот оид ба паст кардани хатари сирояти коронавирус барои муҳоҷирони меҳнатӣ маводи видеоӣ низ ҷой дода шуд.
Шарҳҳо баста шудаанд.