Пайдоиш ва пешгирии бемории саратон

174

Саратон  —бемориест, ки  ҳангоми пайдоиши он дар бадан ҷароҳат, варам ва барҷастагиҳо пайдо мешавад, ки намудаш монанди пои харчанг аст ва дар он ҳуҷайраҳои бадан ба беназоратӣ калон ва тақсим мешаванд. 

Бемориҳои саратонӣ ё ин ки омосӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд:

  • гурӯҳи якум — омосӣ хушсифат, ки бо роҳи чарроҳӣ табобат мешавад.
  • гурӯҳи дуюм — омосҳои бад сифат, ки хусусияти пахншавии беист ва афзоиши ҳучайраҳо мебошад.

Ҳуҷайраҳои хушсифат  хатари зиёд надорад. Табибон роҳи пешгирии онро бо усули ҷарроҳӣ гирифтаанд. Яъне, ки ин гурӯҳи саратон дарҳол хатаре ба инсон намерасонад, аммо ба табобати духтурон нигоҳ  накарда нафароне  ҳастанд, ки ба доруҳои додашаванда ва худ ҷарроҳӣ тобовар нестанд. Ҳуҷайраҳои бад  қобилияти афзоиши худро ба ҳамаи ҳуҷайраҳои насли оянда мегузаронад. Ҳуҷайраҳои бадсифат бо роҳи табобати кимиёвӣ, табобати нурӣ ва ҷарроҳӣ табобат мешаванд. Дар натиҷаи омузиши як чанд омилҳо, муайян шуд, ки боиси пайдоиши бемориҳои саратонӣ хастанд.

Ба ин гурӯҳи омилҳо дохил мешаванд:

  • муҳити зист
  • одатҳо
  • кимёвӣ
  • нурию, концерогени
  • дигаргуннии муҳити дохилаи организм.
  • вирусӣ

Бемории омосҳои бадсифат дар тамоми узви бадани инсон пайдо шуда метавонанд; чунки ҳуҷайраи узувҳои худи одам дар зери таъсири омилҳои дар боло зикр шуда мутатсия шуда ба ҳучайраи бадсифат мубадал мегардад.  Омоси бадсифат аз муҳити зист, ва анъана ва одатхо вобастагӣ дорад. Бемориҳои омоси бадсифати узвҳои ҳозима аз сабаби пурхурӣ, таъомҳои бирёну равғании бисёр ва хело гарм истеъмол кардан пайдо шуданаш мумкин. Инчунин дар Тоҷикистон саратони лабу забон аз сабаби одати бади кашидани нос ва тамоку дида мешавад.

 Роҳҳои пешгирии бемории саратон

Ҳар як инсон бояд ҳаёти солимро пеш гирад ва ҳатман дар як сол ду маротиба аз муоинаи тиббӣ гузарад. Барои пешгирии беморӣ пеш аз ҳама ғизоҳои фоиданок истеъмол намояд ва аз кашидани нос, тамоку ва истеъмоли машруботи спиртӣ даст кашанд. Бештари вақти худро дар ҳавои тоза гузаронанд, ба варзиш машғул шаванд. Ҳамзамон сари вақт ба табибон муроҷиат намоянд. Инчунин лозим ба ёдовари аст, ки ҳар як инсон бояд ҳаёти солимро пешай худ намояд ва ҳатман агар бемор ҳам набошад, дар як сол ду маротиба аз назари табибон гузаранд.

                                                                        Таҳияи: Карамова Чамангул мутахассиси  МД “МҶТТҲС”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.