Пешгири аз дарунравӣ

255

Дар баробари фарорасии фасли тобистон авҷи бемориҳои сироятӣ бештар ба назар мерасад. Яке аз бемориҳое ки бештар дар фасли тобистон дида мешавад, ин дарунравӣ мебошад.

  • Роҳҳои гузариши ин беморӣ: ҳангоми робита бо шахсӣ бемор   инчунин бо либос, зарфҳои ошхона, тавассути оби тозанашуда, ҳатто ҳайвоноти хонагӣ. Инчунин ин беморӣ метавонад, ба воситаи об ба организми одамони солим ворид шаванд.
  • Об дар кадом сурат сироят мекунад? Дар ҳолате, ки дар лаби ҷӯю ҷӯйборҳо ҳоҷатхона ва ахлотпартов сохта шуда бошад, инчунин ба воситаи пашшаҳо низ сироят мешавад. Дар вақти аз қубури зеризаминӣ дар сатил об гирифтан, бояд даҳонпӯши онро маҳкам кунем, то ин ки пашшаҳо сироят накунанд. Боз ин бемориҳо дар натиҷаи риоя накардани гигиенаи шахсӣ пайдо мешаванд, яъне барангезандаи ин бемориҳо ба организм ворид шуда, зарари худро мерасонад. Ғизое, ки муҳлати истифодабариаш гузаштааст низ метавонад сабаби пайдоиши ин гуна бемориҳо гардад.
  • Сабаби дарунравии кӯдакон дар чист?
    Сабабаш нодуруст ғизо додани кӯдакон мебошад, ба ҷои шири модар ба кӯдак хӯрокҳои серғизо ва сахт медиҳанд, ки ба бемории дарунравӣ меоварад, чунки кӯдакон барои ҳазм кардани ин гуна ғизо тайёр нестанд

Аломатҳои беморӣ ва давраи ниҳонӣ

Давраи ниҳонии бемории шадиди меъдаю рӯда аз якчанд соат то 3-6 шабонарӯз мебошад. Беморӣ нохост сар мешавад – бо дамиши шикам, дарди шикам, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дарунравии тез-тез. Дар бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди меъдаю рӯда наҷосот тез-тез 10-15 маротиба буда, зард ва тунук мегардад, фишори хун паст мешавад, набз тез-тез мезанад. Даҳонлабон ва пӯсти бемор хушк мешавад, дар натиҷа беморро ба оризаҳо оварда мерасонад. Садамаи гиповалемӣ, ин яъне камшавии оби бадан пайхас карда мешавад. Дар вақти дарёфти ин гуна аломатҳо ҳатман доруи регидронро истифода баред ва ба духтурони ҷои зист муроҷиат намоед.

Пешгирии беморӣ

Дар вақти пайдошавии ин гуна бемориҳо ҳатман беморро ба мутахассисон нишон дода, аз табобати дуруст истифода баред, косаю табақи ӯро ҷудо кунед. Агар духтури ҷойи зист тавсияи дар беморхона бистаришавӣ диҳад, рад накарда, табобати статсионарӣ гиред. Тозагии худ ва гирду атрофи хонаатонро риоя кунед. Ҳама вақт дастонатонро бо собун шӯед. Аз оби ҷӯшонидашуда истифода баред, ҳоҷатхонаҳо ва ахлотпартовҳоро аз назди ҷӯйборҳо дур кунед, бо пашшаҳо мубориза баред, меваю сабзавотро шуста, баъд истифода намоед, обҳои дар зарф бударо бо сарпӯш маҳкам нигоҳ доред.

Сарчашма Википедия: Таҳияи Музаффари Нарзулло Мутахассиси МД “МҶТТҲС”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.