Пешгирӣ аз гирифторшавӣ ба сирояти Ботулизм

172

Аз тавсияҳо барои нигоҳ доштани саломатии худ ва наздиконатон истифода кунед:

Аз зарфҳое, ки эҳтимоли хатари ботулизм доранд, истифода набаред. Ба инҳо мансуб аст:

– зарфи варамида

– зарфи  ба дарун қаткардашуда

– зарфе, ки аз он моеъ ҷорӣ мешавад

– зарфе, ки аз он ҳангоми кушодан моеъ бо фишор мерезад

– зарфе, ки хангоми кушодан буи ғайримуқаррарӣ ё нофорам дорад.  

        Инчунин бояд дар ёд дошт: ботулизм ва дигар заҳролудшавиҳои ғизоии хатарнокро дар ғизо тавассути чашм, буй ё тамъ муайян кардан номумкин аст.

        Аз зарфе, ки эҳтимолан сироятёфта бошад, ғизоро начашед. Ҳатто миқдори камтарини токсини ботулинӣ имкон дорад сахт хатарнок бошад.

Барои консервакунонӣ маҳсулотҳои номувофиқро истифода набаред,  махсулотҳои дар шароити хона консервакунонидашударо, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудаанд, истеъмол нанамоед.

Оби «хлорнокнашуда» ё «ҷушониданашуда»-ро, барои шустани дастон, зарфҳои шишагин ва маҳсулотҳои ғизоии барои консервакунонӣ, истифода набаред. Консерваҳое, ки дар шароити хона тайёр карда шудаанд, инчунин консерва ва маҳсулотҳои қалбакии гуштӣ ва моҳигиро дар кучаву бозорҳо «аз даст» харидорӣ накунед. Асоси пешгирии ботулизм ин пурра ва дуруст тайёр намудан ғизо, хусусан оне, ки ба консервакунонӣ алокамандӣ дорад,  риояи қоидаҳои он ҳатми  мебошад.

МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

 

 

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.