Пешгирӣ аз заҳролудшавӣ бо бемории Ботулизм

227

      Ботулизм –ин бемории заҳролуди   шадиди сироятӣ мебошад,  беморӣ ногаҳон баъд аз истеъмол намудани   маҳсулоти хӯрокворие, ки  дар шароити хона тайёр карда мешавад, мисол аз қабили консерваҳои замбуруғӣ, аз сабзавоту меваҷот гушти дудкардашудаи мурғ моҳӣ, помидор, бодиринг, боймиҷон, ҳасибҳои гуногун ва ғайраҳо. Ботулизм бемории хатарнок аст, чунки дар натиҷаи ворид шудани заҳр ба организм таъсири ботулотоксин ба осеб ёфтани мағзи дарозруя ва фалаҷ гаштани чашм меорад. Ангезандаи ботулизм дар муҳити беҳаво (анаеробӣ )зиндагӣ карда спораву заҳри қотил ҳосил мекунад. Дар вақти ҷушонидан ботулотоксин маҳв мешавад. Ангезандаҳои  ботулотоксин ва заҳри он ба организми одам дар мавриди истеъмоли ғизои сироятёфта ворид мешавад ва дар меъда  заҳр зери таъсири ферментҳо таҷзия шуда пуртаъсир мегардад. Ва он тавассути луобпардаҳои меъда ва руда ба хун гузашта боиси фалаҷ гаштани мушакҳои суфта мегардад. Давраи ниҳонии  Батулизм  аз 2то 12 соат то 7 шабонарӯз аст.  Маризӣ ба таври шадид оғоз меёбад. Сари дил дард карда, дилбеҳузурӣ, қай, исҳол пайдо мешавад, қай ва исҳол, ки натиҷаи токсинемия мебошанд, чандон зиёд давом намекунанд. Ҳарорати бадан мӯътадил аст; бемор хаста ва мушакҳо заиф хоҳанд шуд. Баъди 3 – 4 соати оғози беморӣ аломатҳои осеби асабҳои мағзи сар ба назар мерасанд.Бисёр вақт аломати аввалини батулизм хушк шудани даҳон ва тира гаштани чашм аст. Пеши чашми маризро «парда» ё «туман» мегирад. Аксуламал ба рӯшноӣ суст ё умуман нест мешавад, ғӯзаи чашм беҳаракат ва пилки боло овезон мегардад. Овоз мегирад, суханронӣ нофаҳмо ва тавассути бинӣ хоҳад шуд. Бинобар фалаҷи мушакҳои ҳалқум ва коми нарм бемор хӯрокро фурӯ бурда наметавонад, ғизои обакӣ аз биниаш меояд. Ботулизм боиси вайроншавии  кори силсилаи дилу рагҳо мешавад. Нишонаҳои вайроншавии  фаъолияти узвҳои ҳозима хушкидани даҳон, ташнагии тоқатфарсо, дамиши шикам, қабзият ва фалаҷи рӯда мебошанд. Мариз бо душворӣ нафас мегирад, гумон мекунад, ки ба сандуқи синааш фишор меоранд, барои осон шудани нафасгирӣ мавқеи мувофиқ меҷӯяд. Яке аз сабабҳои асосии фавти беморон ҳангоми ботулизм, маҳз қатъи нафасгирӣ аст. Ботулизмро дар асоси нишонаҳои сарирӣ, маълумоти эпидемиологӣ ва натиҷаҳои санҷиши лабораторӣ ташхис менамоянд. Ташхиси лабораторӣ ба ошкор сохтани ботулотоксин ва ангезандаи ботулизм дар маводи аз мариз ва хӯрокворӣ гирифта (хун, маводи қай, оби барои шустани меъда истифодашуда, ахлот) асос ёфтааст. Хунро аз варид (8 – 10 мл) то ба организ фиристодани зардоби шифобахш мегиранд.
Ибораи ботулизм  аз асри 18 инҷониб барои инсоният маълум аст ва занони оқилу ҳушманде, ки аз оқибатҳои фоҷиабори он маълумот дорад, вақти тайёр кардани консерва ва лаҳзаи пеш аз истеъмоли он аз эҳтиёт кор мегиранд. Ботулизм як навъи бемории хатарнокест, ки оқибати он ба марги одамон оварда мерасонад. Тибқи гузориши солонаи Барномаи ҷаҳонии тандурустӣ ҳар сол дар ҷаҳон то 1000 нафар одамон аз асари ин беморӣ ба ҳалокат мерасанд. Ба гуфтаи  олимони тиб 3 килограмми ин заҳр метавонад тамоми инсонияти кураи Заминро маҳв созад. Ботулизм бемории гузаранда нест, аз он танҳо нафарони истеъмолкунандаи маҳсулоти заҳролудшуда сироят мешавад. Ҳамчунин тифлоне, ки шири модари заҳролудшударо истеъмол мекунанд, низ сироят меёбанд.  

Албатта, дар шароити хона консерва кардани маводи ғизоӣ хеле мушкил аст. Чунки агар  ногаҳон, микроби ботулизм дар таркиби меваю сабзавотҳо пайдо шуда бошад, пурра безарар кардани он дар вақти омода кардани консерва ғайриимкон аст. Манзури мо ин нест, ки аз тайёр кардани консерва худдорӣ намоед. Аммо риоя кардани қоидаҳои тайёркунии ин намуди маҳсулотҳо гарави саломатии шумову аҳли хонаводаатон мебошад.  Аз ин рӯ, кадбонуҳоро мебояд, ки оид ба қоидаҳои дурусти тайёр кардани маҳсулоти консервавӣ ба тозагӣ риоя карда ҳаматарафа эҳтиёткор бошанд.

Фасли гармо барои бонувон мавсими захираи меваю сабзавот  оғоз мегардад. Ин давраест, ки ҳар кадбону дар баробари маҳорати хеш бояд ба саломатии худ ва атрофиён бодиққат бошад. Аз ҷумла, дар ҷараёни омодасозии маҳсулот ва тамйизгардонӣ барои захираи зимистон дар навбати аввал бояд тарзи дурусти безараргардонӣ ва шустани маҳсулотро ба роҳ монд.

   Агар сабзавоти каме ҳам бошад вайроншударо  барои захира истифода барем ё банкаҳоро тоза нашўем бактерияҳои он маҳсулотро заҳролуд мекунад ва дар натиҷа давоми моҳ сарпўши он дам мекунад. Дар ҳолати варам кардани сарпўши банкаҳо истеъмоли он қатъиян манъ аст. Зеро истеъмоли он инсонро заҳролуд (ботулизм) мекунад.   

   Яке аз сабабҳои  асосие, ки пас аз маҳкам кардани маҳсулот сарпўши он медамад, ин зарфи шикаста ё ин ки тоза нашустани банкаҳо аз маҳлули шустушўӣ мебошад. Набояд фаромўш сохт, ки зарфи шикаста барои  нигоҳдошти  маҳсулот то фасли сармо номумкин аст. 

   Зарфҳо бояд 2 соат қабл аз маҳкам кардан на камтар аз 25 дақиқа дар буғ нигоҳ дошта шавад ва безараргардонии сарпўши он 10 дақиқаро бояд ташкил диҳад.

   Дар аксар хўриш ё мураббоҳое, ки омода мекунем пас аз андохтани маҳсулот банкаро бояд дар ҳарорати дараҷаи муайян безарар гардонем. Аз ҷумла, бодирингро 120 дараҷа ва  хўриш дар ҳарорати  65 дараҷа гармӣ бояд тамиз карда шавад. 

   Дар ҳолати шустани зарфҳои шишагин аз маҳлулҳо истифода бурдан мумкин нест. Зеро моддаҳои кимёвие, ки дар таркиби он мавҷуд аст, зудшустанашаванда буда, таъсири худро ба маҳсулот мерасонад. Пеш аз андохтани маҳсулот ба зарф бо сачоқ ва лата хушк накунед, зеро он сабаби ворид шудани ҳар гуна микробҳо мегардад.

   Зарфҳои шишагинро бо моддаи ковоккунанда (сода) шустан бехатар аст, зеро он бактерияҳоро рафъ месозад.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.