«Пешгири беҳ аз табобат»

169

Таҳти чунин унвон Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Левакант, тибқи нақшаи корӣ дар якҷоягӣ бо Маркази солимии репродуктивӣ, имрӯз 26-уми август, дар хусуси корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дар ҳар як синфи бо муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5, бо хонандагону омӯзгорон вохӯрӣ намуда чораҳои пешгирӣ аз ин бемориро фаҳмониданд.

Зимнан аз ҷониби масъулини МТТҲС зикр шуд, ки ҳар як хонанда, омӯзгор ва корманди техникию фаррош бояд қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи ниқоб, маводҳои антисептикӣ, риояи фосила, ва гигиенияи шахсиро дар чунини вазъият риоя намоянд. Дар сурати муайян шудани аввалин нишонаҳои беморӣ: аз қабили табби баланд, нафастангӣ, сурфа ва беҳолӣ дар мактаб ё хона зуд хабардор кардани табибон ба манфиати солимии аҳолӣ мебошад

Ба ҳамин тартиб кормандони соҳаи тандурустӣ аз беморхонаи марказӣ ва Муассисаҳои КАТС, дар ҳамин рӯз бо усули хона ба хона дар  дигар муассисаҳои таълимию ташкилоту идораҳо ва хонаҳои истиқоматӣ дар хусуси пешгирии бемории сироятии ҳамагир коронавирус бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки бо супориши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант, чунин суҳбату вохӯриҳо аз ҷониби масъулини соҳаи тандурустӣ ҳамарӯза бо аҳолӣ гузаронида мешавад.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.