Моҳи июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе вобаста ба Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти самараноки ҳамбастагӣ бо ҷамъият ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар мавзӯи “Хатар ва пешгирии коронавирус (COVID-19) , бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19” семинари омӯзишӣ баргузор гардид. Дар семинар тренерони миллӣ аз МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, намояндагони соҳаи маориф ва тандурустӣ иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур дар шароити пандемияи сирояти COVID-19 баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба хатар ва пешгирии коронавирус (COVID-19) , бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19, паст намудани сатҳи беморшавӣ ва пешгирии фавти аҳолӣ буд. Иттилооти возеҳ ва муфассал оид ба амалҳои кормандони тиб, соҳаи маориф ва хонандагон дар мактаб оид ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, пешгирии коронавирус (COVID-19) , бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 мебошад.
Марҳилаи дигари чорабиниҳо ин омӯзиши кормандони соҳаи маориф, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кормандони тиббӣ муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ буд. Дар рӯзҳои баргузории семинар 130 нафар кормандони тиб ва 130 нафар омӯзгорон оид ба мавзӯи мазкур омӯзонида шуданд. Ҳадаф аз ин чорабиниҳо омода намудани ихтиёриён аз ҳисоби кормандони тиб, омӯзгорон ва мактаббачагон барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба хатар ва пешгирии коронавирус (COVID-19) , бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ мебошад. Чунин машғулиятҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.
Бояд қайд намуд, чорабиниҳои мазкур бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ ташкил ва баргузор гардиданд.
МД “Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим”