Дар доираи иҷрои татбиқи “Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар ҶумҳурииТоҷикистон барои солҳои 2022-2026” аз ҷониби марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон оид ба моҳияти ваксинаи умумӣ дар байни занони ҳомиладор, кӯдакон ва занони ширдеҳ аксия- чорабиниҳо, викторинаҳо, озмунҳо гузаронида шуд. Инчунин дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳфаҳо тақдим карда шуд.