Ҷиҳати пешгирии бемории коронавируси нави Ковид-19, мутахассисони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ш. Ҳисор дар кӯчаву хиёбонҳо мунтазам миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида истодаанд. Дар рафти корҳои омафаҳмонӣ маълум гардид, ки мардум ҳоло ҳам ҷиҳати пешгирии ин беморӣ диққати ҷидди намедиҳанд. Аз ин лиҳоз аз кулли шаҳрвандони азиз даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати сироят наёфтанашон ба ин бемории хатарнок, аз тамоми қойдаҳои пешгирикунандаи ин вирус самаранок истифода намоянд. Зеро шахси солим, созандаи ҷомеаи солим аст!