Пурхӯри ва омили он ба инсон

281

Аз меъёр зиёд истеъмол кардани ғизо  кори меъда вайрон гашта, инсон  ба бемории бадҳазмӣ дучор мешавад. Яке аз роҳҳои асосии солим нигоҳ доштани бадан ин истеъмоли дурусти ғизо мебошад. Агар инсон ба пурхӯри бештар майл дошта бошад ва ё ба бемори пурхӯри дар натиҷа ба бемории дарунравӣ ё қайкунӣ (дилбеҳузурӣ) гирифтор мегардад.

Ба гуфти мутхассисон дар ҳар ним соат шумо метавонед 300 грамм об ва хӯроки обдор истеъмол намоед. Нӯшидани афшура, чойи сабз ва шарбати тару тоза хеле фоиданок аст. Истифодаи нӯшокиҳои газдор дар меъдаи холӣ тавсия дода намешавад. Нӯшокии муфидтарин чойи сабз ба ҳисоб меравад. Истифодаи равғанҳои растанӣ ва маҳсулоти ширӣ низ зарур аст.

Мутахассисон тавсия медиҳад, ки истеъмоли нодуруст ва аз меъёр зиёди ғизо ба инкишофи бемориҳои гуногун мусоидат намуда, инчунин давомнокии умрро кӯтоҳ мекунад. Он сабаби мубталошавӣ ба бемориҳои дилу рагҳои хунгард (фишорбаландӣ, ишемиявии дил), ниқрис, диабети қанди навъи 2, намудҳои алоҳидаи саратон (саратони ғадуди сина, аъзои ҳозима), пайдоиши бемории санги талхадон ва панкреатити музмин мегардад. Инчунин истеъмоли нодуруст ва барзиёди хӯрок тамоюли фарбеҳшавӣ дар пай дорад.

Чӣ бояд бештар истеъмол намуд?

Табибон тавсия медиҳад, ки сабзавот ва меваҳо манбаъҳои асосии витаминҳо ва минералҳо мебошанд. Аз ин рӯ бештар истифода бурдани онҳо ба саломатии ҳар шахс муфид аст.

Дар таркиби сабзавот унсурҳои зиёди муҳофизатӣ мавҷуданд, ки саломатии инсонро   нигоҳ медоранд. Истеъмоли мева, сабзавот  ва маҳсулоти шириву донагӣ иммунитети одамро баланд намуда, аз гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳо эмин нигоҳ медорад.

Дӯконҳои пухтупази «тезтайёр» дар кӯчаву хиёбонҳо фаъолият намуда, дар онҳо бештар  хӯрокҳои  бирёну серравған  тайёр карда мешаванд, ки аз он  бештар ҷавонону кӯдакон истеъмол мекунанд. Ба зикри мутахассис,  истеъмоли хӯрокҳои тезтайёру чарбдор, нӯшокиҳои газноки ширин, қандҳои одӣ ва намак ба саломатии инсон хатарнок буда, ба сатҳи инкишофи бемориҳои музмин  мусоидат менамояд.

Кадом хӯрокро чӣ гуна бояд хӯрд?

Баъди он ки хӯроки якуму дуюмро истеъмол мекунед, чой нанӯшед. Бо вуҷуди бемор будан ё набуданатон чой, қаҳва ё компотро дарҳол баъди хӯрок нӯшидан лозим нест, балки 40 дақиқа бояд тоқат намуд. Дарҳол баъди хӯрок нӯшидани қаҳва низ кори нодуруст аст. Бо риоя намудани қоидаи мазкур ҳам хушқаду қомат мемонед, ҳам хӯроки хӯрдаатон хубтар ҳазм мегардад.

Агар диққат дода бошед, дар ошхонаҳои истироҳатгоҳҳо истаконҳои компот ё чой мегузоранд, то ки мизоҷон аввал ташнагиро шикаста, баъдан хӯрок истеъмол намояд. Дарҳол баъди хӯроки гарм ғизои сард хӯрдан мумкин нест, дар акси ҳол кашиши рӯдаҳо ва ҳал нашудани хӯрок рух медиҳад.

Аз нӯшидани оби зиёди минералӣ ва дигар обҳои газноке, ки дар баробари пурхӯрӣ вазъиятро душвортар месозанд, худдорӣ намоед. Субҳгоҳон як истакон оби ҷӯшидаву шарбати лиму ва як қошуқча асал нӯшида, ҳолати меъдаро ба эътидол бояд овард. Ҳар нӯшокиеро, ки менӯшед, набояд бо нӯшокии дигар омехта кард.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.