Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мухтарова Парвина Шавкатовна оид ба ҳавасмандгардонии директорони марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солими вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иштироки фаъолона дар барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин корҳои оммафаҳмонӣ роҷеъ ба пешгирии бемориҳо дар миёни аҳолӣ, як қатор директорони марказҳоро аз ҷумла директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Суғд Хоҷаева Зуфнуна ва директори Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими вилояти Хатлон Худойбердиев Ҳакимро бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ бо СИПОСНОМА сарфароз гардониданд.