Зуком бемории сироятии илтиҳоби луобпардаи бинӣ буда, тавассути роҳҳои нафас мегузарад ва асосан бинӣ, гулӯ ва баъзан шушро сироят мекунанд. Ба аломатҳои асосии зуком сулфа, дарди гулӯ, дарди мушакҳо, хастагӣ, дарди сар ва баъзан ҳолатҳо табларза, дарунравӣ ва қайкунӣ дохил мешаванд. Зуком бемории мавсимӣ буда, аслан дар фаслҳои зимистону баҳор хуруҷ меёбад. Беморӣ ҳарчанд сабукгузаранда ҳам бошад, аммо сари вақт муроҷиат накардан ба табиб ва иҷро накардани қоидаҳои пешгирии он метавонад ба оризаҳои шадид дар организм оварда расонад.
Барои пешгирӣ намудани зукоми мавсимӣ ҳар як шахс бояд се қоидаи асосии онро донад:
Қоидаи 1. Риояи гигиенаи шахсӣ
- Дастонро зуд-зуд бо собун бояд шуст. “Гигиенаи дастон яке аз усулҳои пешгирикунандаи бемориҳои зуком мебошад”. Шустани дастон бо собун сабаби нобуд гаштани микробҳо мегардад. Агар имконияти шустани дастон бо собун набошад, аз маҳлулҳои зидиуфунӣ ва моддҳои безараркунанда истифода намоед.
- Ҷиҳоз, ашё ва дигар анҷомҳоро таввасути маҳлулҳои безараргардонӣ безарар намоед. Ин яке аз роҳҳои муҳими нобуд сохтани вирус мебошад.
Қоидаи 2. Риояи масофаи муошират
- Аз муоширати наздик бо шахсони бемор худдорӣ намоед. Масофаи муошират бояд на камтар аз 1метр бошад
- Ҳангоми атса ва суфа задан бинӣ ва даҳонро бо дастмолча пӯшонед.
- Ба чашмон ва даҳону бинӣ даст расонидан манъ аст, чунки вируси зуком қобилияти бо воситаи луоб ва пуст дар қисмҳои гуногуни бадан паҳн шуданро дорад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ туф накунед!
- Аз ниқобҳои чоркарата (махсус бо дока омодашуда) ё яккарата (на зиёд аз 2 соат), салфеткаҳои спиртдори яккарата истифода баред. Паҳншавии бемориро пешгирӣ намоед
- Агар шумо дар худ нишонаҳои пайдоиши зукомро мебинед, аз иштирок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам худдорӣ намоед.
Қоидаи 3. Риояи тавсияи табибон
- Ҳатман ба табиб муроҷиат намоед. Аз худтабобаткунӣ ва истифодаи ҳар гуна антибиотикҳо худдорӣ намоед
- Тарзи хаёти солимро интихоб намоед.
- Ба варзиш машғул шавед, баданро обу тоб диҳед, хуроки серғизо ва аз витамину менералҳо бойро истеъмол намоед.
- Дониши худ ва дигаронро нисбати ин беморӣ баланд бардоред.
Таҳияи: Мутахассиси МД “МҶТТҲС” Сайёҳати Насриддин