Риояи гигиенаи шахсӣ пешгирикунандаи бемориҳост

160

Риояи гигиенаи шахсӣ беҳтарин роҳи пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои хатарнок маҳсуб меёбад. Яке аз талаботҳои гигиенаи шахсӣ ин шустани дастон маҳсуб меёбад. Шустушӯи дастон на танҳо шахсро аз гирифторшавӣ ба бемориҳои инфексионии зиёде эмин нигоҳ медорад, балки метавонад  бисёре аз одамонро аз марг наҷот диҳад.

Аз ин рӯ коршиносони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  ва Фонди кӯдаконаи СММ- ЮНИСЕФ пайваста  шиори «дасҳоятонро бишӯед»-ро такрор мекунанд, зеро  ҳамарӯза  аз бемории диарея, ё чунон ки боз онро «бемории дастони чиркин» меноманд, панҷ ҳазор кӯдак  ба панҷсолагӣ нарасида, мефавтанд.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб дар ҳолати дуруст омӯзонидани шустушӯи дастон ба кӯдакон метавон аксари онҳоро аз марг наҷот дод. Таи солҳои охир  рӯйхати бемориҳои аз сабаби вуҷуд надоштани шароити санитарию гигиенӣ бавуҷудоянда зиёд гардидааст.

Шустани дастон бо собун  метавонад муқовимати бадани кӯдаконро ба муқобили бемориҳои гузаранда, аз ҷумла зуком бештар намояд. Дар маҷмӯъ  танҳо ин  амал метавонад сатҳи бемориҳои сироятиро то 23 фоиз кам  намояд.

-Барои кӯдакони сини болоӣ, аз панҷ то понздаҳсола шустани дастҳо бо собун теъдоди гирифтории бемории илтиҳоби шуш ва зуком (шамолхӯрдагӣ)-ро ду баробар кам мегардонад,- мегӯянд мутаассисон.

Ҳарчанд, ки шустушӯи дастон дар назари баъзеҳо  амали оддӣ тобад, вале  ин амал метавонад қариб то 80 фоиз бемориро пешгирӣ кунад, зеро ҳама сироятҳо  тавассути дастрасонӣ мегузарад.

Дар чунин ҳолатҳо бояд дастонро шуст:

Пеш аз омодасозии таом.

Пеш аз хӯрдани таом.

Баъд аз расонидани даст ба гӯшти хом ва ё моҳӣ.

Баъд аз ҳоҷатхона.

Баъд аз бозгашт аз кӯча.

Баъд аз атса задан.

Баъд аз тамос  бо ҳайвонот

Баъд аз аёдати беморон

Баъд аз рӯбучини хона.

Пеш ва баъд аз коркарди захмҳо.

Баъд аз баровардани партов.

 Тарзи дурусти шустани дастҳо чунин аст:

Ҷумаки обро боз кунед ва ҳарорати обро мӯътадил созед.

Ба дастҳоятон собун молед.

Агар шумо дар ҷойи бегона даст мешӯед, ба дастаки кран низ собун занед, вагарна баъд аз шустани даст, шуморо лозим меояд, ҷумакро маҳкам кунед ва дигарбора даст ба дастак расонед.

Боз як бори дигар ба дастонатон собун занед, то аз собун  кафки ғасф падид ояд.

Дастҳоятонро на кам аз 30 сония бо соиши ҳарчи бештар бишӯед. Хусусан ба қабати байни ангуштон, ба қисми кафи даст, пушти даст ва зери нохунҳо аҳамият диҳед.

Ангуштони кӯчаки собунолудро ба сӯрохии бинӣ бурда, димоғро низ хуб тоза кунед.

Се маротиба ғарғараи гулӯро бо об аз ёд набароред.

Сипас собунро покиза бишӯед.

Ҷумакро маҳкам намоед.

Бо дастмоли тоза дастҳоро хушконед.

Дар як рӯз 5 -10 маротиба шустани дастҳо хатари гирифтории шахсии шуморо аз бемориҳои сироятӣ ба  монанди COVID – 19  ё зуком кам мегардонад.

МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.