Риояи қоидаҳои санитарӣ ва гигиенӣ

150

Иҷрои қоидаҳои санитарї ва гигиенӣ яке аз роҳҳои асосии доштани тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз ҳама намуд бемориҳои сироятї ва ғайри сироятӣ ба ҳисоб меравад. Гигиена ва санитария худ маҳфуми хеле оммафањм ва фарогир буда, хамчун як самти дойимо амалкунандаи соҳаи тиб режим ва шароити кор ва истироҳат, ғизои оқилона, риояи қоидаҳои нигоҳубини бадан, истифодаи гигиенаи шахсӣ ва умумиро дар бар мегиранд. Яке аз масъалаҳои асосие, ки из мавзуъро дар бар мегирад ин омузиш ва иҷроиши қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ба ҳисоб меравад. Гигиенаи шахсӣ маҷмӯи қоидаҳои рафтори инсон дар ҳаёти ҳаррӯза ё дар ҷои кор мебошад. Вайрон кардани ин талаботҳо метавонад ба саломатии на танҳо як шахс, балки ба гурӯҳҳои калони одамон (оилаҳо, аъзои ҷомеаҳои гуногун), инчунин санитарияи муҳити атроф таъсири манфӣ расонад.   

Гигиенаи шахсиро метавон ба қисмҳои зерин ҷудо кард:

• Нигоҳдории гигиении бадан (пӯст, мӯй, пӯсти даҳон, узвҳои шунавоӣ, чашм, узвҳои таносул);

• Гигиенаи хӯрокҳои расионалӣ;

• Гигиенаи либос ва пойафзол;

• Гигиенаи хона.

               Қоидаҳои асосии гигиенаи бадан:

Ҳар рӯз баданро бо оби гарм ва бо истифодаи маҳсулоти махсус (собун, гели душ ва ғ.) шустан лозим аст. Ҳарорати об бояд каме бештар аз ҳарорати муқаррарии бадан (37-38 дараҷа) бошад. Ҳар рӯз дар пӯст чарб ва арақ пайдо мешавад ва сари вахт шуста набаровардани онҳо хосиятҳои муҳофизатии пӯст вайрон мешаванд ва мувофиқан, барои афзоиши бактерияҳо, занбӯруғҳо ва дигар микроорганизмҳои зараровар шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.  Ҳадди аққал ҳафтае  ду маротиба шустушуи умумии бадан ҳатмӣ мебошад. Фаромуш набояд кард, ки ҳар як шахс бояд сачоқи алоҳидаи худро дошта бошад.

• Дастҳо ва нохунҳои худро мунтазам тоза нигоҳ доред. Ифлосии  дорои микроорганизмҳо асосан тавассути даст ба даҳон мегузарад, барои ҳамин дастони ношустаро ба даҳон андохтан ё ин, ки минтақаҳои луобии баданро (чашм, бинї) кофтан мумкин нест.

• Дастонро ҳангоми бозгашт ба хона, пеш аз истифодаи ҳоҷатхона ва ҳамеша пас аз истифодаи ҳоҷатхона, пеш аз ва баъд аз хӯрокхӯрӣ, пас аз сулфа, атса задан, пас аз доштани дастаки дар хона ва дар дигар  ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд шуст. Агар шумо дар роҳ бошед ва имкони шустани дастҳоятон бо собун ва об надошта бошед, бояд бо худ салфеткаи тар ё гели антибактериявӣ дошта бошед, то ҳадди аққал баъзе микробҳоро нест карда метавонед.

Қоидаҳои асосии шустани дандонҳо

Дандонҳо бояд дар як рӯз на камтар аз 2 маротиба дар тӯли 3 дақиқа ва бештар аз он, пеш аз хурок шуста шаванд.

Пас аз хӯрок хӯрдан тоза кардани милкҳои дандон ба таври механикӣ бо воситаи оби чӯшонидашуда ё ин, ки сақич тавсия дода мешавад, аммо фаромуш накунед, ки муддати истифодаи сақич бояд аз 5,10 дақиқа зиёд набошад.

Қоидаҳои гигиенаи ҷинсӣ

• Аз алоқаи ҷинсии бадахлоқона дурӣ ҷӯед;

  Ҳангоми алоқаи ҷинсии тасодуфӣ, аз рифола истифода баред, пас аз алоқаи ҷинсӣ узвҳои таносулро бо антисептикҳо, ё ин, ки бо собун бишуед то сироят бо сироятҳои ҷинсӣ пешгирӣ карда шавад.

• Муоинаи солонаи сифилис, ВИЧ, гепатити В тавсия дода мешавад, ҳатто дар ҳолати набудани аломатҳо.

Қоидаҳои гигиенаи либос ва пойафзол

• Либоси таг – ҷуроб, пойафзоли зону, ҷӯроб,  бояд ҳар рӯз иваз карда шавад

• Либос бояд мунтазам шуста шавад.

• Пӯшидани пойафзол ва либоси ягон кас ғайри қобили қабул аст.

• Либос ва пойафзол бояд ба шароити иқлим мувофиқат кунанд: дар зимистон либос бояд аз сармо, дар тирамоҳ ва баҳор – аз намӣ ва шамол, дар тобистон – аз гармии шадид муҳофизат кунад.

• Барои фаъолиятҳои варзишӣ, либоси махсуси варзишӣ лозим аст

  Либос бояд ба андоза мувофиқат кунад.

Қоидаҳои гигиенаи хоб ва ҷойи хоб

Ҳар як аъзои оила бояд кати худро дошта бошад.

• Рӯйпӯши хоб бояд ҳар ҳафта иваз карда шавад.

Ҷои хоб бояд бароҳат бошад.

• Пеш аз хоб тавсия дода мешавад, ки либоси таги худро ба куртаи шабона ё либоси хоб иваз кунед.

• Пеш аз хоб ҳуҷраро шамол диҳед.

Ҳайвоноти хонагира ба бистари хоб роҳ додан лозим нест.

Қоидаҳои гигиенаи ҷойи зист

• манзил бояд хушк, гарм ва барҳаво бошад;

• Манзил бояд бо нури офтоб равшан бошад;

• Як хонаи хоб бояд на бештар аз 2 нафарро дар бар гирад;

• Пас аз хоб, бистарро шамол додан лозим аст

• Ошхона бояд аз минтақаи истиқоматӣ ҷудо карда шавад;

• Водопровод бояд ҳамарӯза бо маводи безараргардонӣ коркард карда шавад;

• Манзил бояд зуд-зуд вентилятсия карда шавад;

Ҳафтае як маротиба – тозакунии умумӣ;

Ҳарорати оптималии ҳаво дар минтақаи зиндагӣ 18-23 ° C, намӣ – 40-60%;

• Назорати саривақтии пашшаҳо, тараканҳо ва дигар ҳашаротҳо;

Ҳар рӯз партовҳоро партоед.

Қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дар давраи бемориҳои сироятӣ

• Пас аз кӯча омадан, ҳоҷатхона рафтан ва ғ. дастонро албатта шустушӯ кунед.

• Бо ашёҳое, ки шумораи зиёди одамон дар як вақт истифода мебаранд (дастаки дарҳо, лӯлаҳо ва ғ.) боэҳтиёт муносибат кунед.

• Агар дар хона бемори гирифтори бемории сироятӣ бошад – ӯро дар ҳуҷраи алоҳида ҷудо кунед, дезинфексия кунед.

• Аз ҷойҳои серодам (дӯконҳо, кинотеатрҳо ва ғ.) худдорӣ кунед

• Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ роҳҳои нафасро бо бинт (дока) ва ниқобҳо муҳофизат кунед.

• Аз бӯса канораљуӣ кунед

• Хӯрдани пиёз, сир, мева ва сабзавоти аз витаминҳо бой тавсия дода мешавад.

Таҳияи: Мутахассиси МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Худойқулова Дилафрӯз

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.