Рӯзи Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон – санаи тақдирсози миллати тоҷик аст!

399

   Роҳбарияти Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим” Мухторова Парвина  бахшида ба рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон кулли кормандони Марказро табрик гуфта иброз намуданд, ки  аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шурӯъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.
Баъди интихоби роҳбари нави давлат тавассути заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СММ, узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар, ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ гашт. Аз ин лиҳоз, заҳматҳои Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби тамоми халқу миллатҳои кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барҳақ пазируфта шуда, оламиён тавассути баромаду пешниҳодоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид, дар ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ бо халқи тоҷик ва ин кишвари биҳиштосо ошноӣ пайдо карданд. Ҳурмату эҳтироми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби роҳбарони кишварҳои олам ва ташкилоту созмонҳои байналхалқӣ нишонаи олии эҳтироми Сарвари давлатамон ва ҳусни таваҷҷуҳи мардуми олам нисбат ба халқи тоҷик мебошад. Асрҳову давраҳои бузурги таърихӣ мегузаранд.

      Дар таърихи давлатҳо бисёранд сарвароне, ки баҳри рушди кишварашон аз худ осоре боқӣ намегузоранд. Охир мардум ва таърих ба шахсиятҳои давлатӣ аз рӯйи хизматашон ба халқу Ватан ва рушди он баҳо дода, ҳеҷ гоҳ хизмату саҳми мусбиашонро дар ташкилу инкишофи давлаташон фаромӯш намекунад. Оё метавонем хизмату номҳои фарзандони фарзонаи халқи тоҷик – Исмоили Сомонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Ҷаббор Расулов ва дигаронро фаромӯш кунем? Ҳаргиз не! Аз ин лиҳоз, хизматҳову саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун эъмори давлати нави соҳибистиқлол дар таърих бо ҳарфҳои заррин сабт шуда, дар хотираи халқамон ба як умр боқӣ хоҳад монд.


 

 

 

 

МД “Маркази  ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.