Рӯзи умумиҷаҳони тандурустӣ

121

      Имрӯз бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 7 апрел гузаронида мешавад, дар Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” – шаҳри Душанбе ба сокинон хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд. Чунин хизматрасонии тиббӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон  доир карда шуда, аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар амалҳлои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд. 

МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарғиби тарзи ҳаёти солим гушаи махсусро ифтитоҳ намуда варақаҳои иттилоотиро миёни иштирокчиён паҳн намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки шуруъ аз соли 1950 7 апрел ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ ҷашн гирифта мешавад. Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ҳамроҳ шуд. Ба ин ташкилот 194 давлат аъзо буда, вазифаи асосии он ҳалли мушкилиҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад.

Боят гуфт, ки Ҳукумати мамлакат моҳи декабри соли 2021 «Барномаи миллии тарзи ҳаёти солимро барои солҳои 2022-2026» қабул намуд. Ин барнома роҳнамои кори тамоми кормандони марказҳои тарзи ташаккули  ҳаёти солим мебошад.

Ба андешаи олимони соҳаи тиб, ягон доруву даво тарзи ҳаёти солимро иваз карда наметавонад. Чунки тарзи ҳаёти солим яке аз роҳҳои беҳтар, камхарҷ ва пурсамар мебошад. Тарзи ҳаёти солим гуфта, ғизои солим, ба варзиш машғул шудан, хоби бароҳат рафтан, меҳнати ҷисмонӣ намудан, сайр дар ҳавои тоза  ва некбин будан дар назар аст

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.