Сабабҳои фарбеҳӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он.

251

Сабабҳои фарбеҳӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз он

 

Солҳои охир  фарбеҳӣ   ҷомеаи  ҷаҳонро нигарон кардааст. Имрӯз фарбеҳӣ  аз муҳимтарин мушкилоти ҷаҳон маҳсуб шуда, мувофиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар ҷаҳон 650 миллион нафар шахсони аз 18-сола боло ва зиёда аз 120 миллион кӯдакон аз фарбеҳӣ ранҷ мекашанд.

         Фарбеҳӣ яке аз сабабҳои асосии хавф барои фавт буда, ҳамасола тақрибан 3 миллион нафар бар асари вазни зиёдатӣ ва ё ин ки фарбеҳӣ мемиранд.

Ба андешаи мутахассисони соҳаи тиб сабабҳои гирифтори ба бемории фарбеҳӣ гуногун буда, яке аз омилҳои он пурхӯрӣ маҳсуб меёбад. Яъне аз меъёр зиёд истеъмол намудани маҳсулоти хӯрокворӣ ва таомҳои дорои миқдори зиёди неру, аз қабили гӯшт, маҳсулоти гӯштии серравған, ширу маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд, шакар, конфет, торт ва маҳсулотҳои қаннодӣ ба фарбеҳӣ оварда мерасонад.

Сабаби дигари фарбеҳӣ камҳаракатӣ мебошад. Вақте ки миқдори зиёди кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо оксид мешаванд, дар ҳолати заиф будани фаъолияти мушакҳо кислотаҳои чарбӣ ва карбогидратҳо ба чарби бадан мубаддал мегарданд. Гурӯҳи аҳолие, ки камҳаракатанд, бештар ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Дар баробари ин, одатҳои номатлубе, ки омили инкишофи бемории фарбеҳӣ мегарданд, ин тамокукашӣ ва  истеъмоли машрубот мебошад. Ғайр аз ин бояд гуфт, ки бемории фарбеҳӣ низ ирсӣ мебошад, агар падару модари шахс ба бемории фарбеҳӣ гирифтор бошад, аллакай замина барои инкишофи бемории мазкур дар фарзандони онҳо вуҷуд дорад.

Боиси зикр аст, ки фарбеҳӣ ба рушди бисёр бемориҳо, аз ҷумла диабети қанди намуди II, бемориҳои дил, гипертония, бемориҳои музмини гурда ва баъзе намудҳои саратон мусоидат мекунад. Инчунин ҳангоми пандемия маълум шуд, ки нафарони фарбеҳ хатари вазнин гузаронидани бемории  коронавирусро доранд.

 Ба зикри мутахассисон дар ҷаҳон паҳншавии фарбеҳӣ дар кӯдакон ва наврасон  меафзояд: дар кишварҳои пешрафта наврасон то 25% вазни зиёдатӣ ва 15% фарбеҳӣ доранд. Дар Тоҷикистон «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим барои солҳои 2019-2024» қабул шудааст. Ҳоло ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ташкилоту сохторҳои гуногун, аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тадбирҳои гуногунро рӯи даст гирифтааст.

Бино ба тавсияи мутахассисон ҷиҳати пешгирии бемории фарбеҳӣ ба ҷои маҳсулотҳои хӯроквории таркибашон чарбдор бояд маҳсулотҳое, ки аз орди навъи дуюм ва сеюм тайёр карда мешавад, истеъмол намуд. Инчунин  таваҷҷуҳ ба истеъмоли меваю сабзавот зиёд дода шавад, зеро дар таркиби онҳо нахҳои ғизоӣ бой буда, инсонро ба фарбеҳӣ оварда намерасонанд.

Истифодаи зиёди намак, истеъмоли ғизоҳои тезтаёр, нӯшокиҳои ширини газнок боиси фарбеҳӣ мегардад. Аз ин рӯ ҳар нафарро лозим меояд ба фаъолияти ҷисмонӣ худ диққати махсус зоҳир намуда, барои ташаккули тарзи ҳаёти солим саҳмгузор бошад.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ пешгӯӣ мекунад, ки то соли 2025 дар саросари ҷаҳон 2,7 миллиард нафар калонсолон аз вазни зиёд ва фарбеҳӣ азият мекашанд.

 МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.