Ба бемории фишорбаландӣ гирифтор шудан сабабҳои гуногун дорад, ки ин алоқаманди дорад ба осеб ёфтани ягон узви бадани инсон ё ин ки аз тарзи истеъмоли ғизо, ба стрес гирифтор шудан, баъди аз сар гузаронидани ягон намуди беморӣ,аз ҳаракату варзиш кардан, вайроншавии гардиши хун, вайроншавии функсияи гурдаҳо системаи асаб вобастагӣ дорад.
Бемории фишорбаландӣ –ин бемрии системаи қалбӣ рагӣ буда ,бо баландшавии фишори хун ки сабабаш вайроншавии тонуси рагҳо ва кори дил мебошад ба вуҷуд меояд.
Сабабҳо ва омилҳое ки ин бемориро ба вуҷуд меоранд.
- Ирсият
- Истеъмоли зиёди намак
- Сарбориҳои манфии руҳии ҳаяҷони зиёд
- Камҳаракатӣ ва осебҳои майнаи сар
- Вайроншавии функсияҳои системаи асаб
- Вазни барзиёди бадан
- Истеъмоли машрубот ва тамоку
- Пастшавии функсияи гурда.
Беморони фишорбаландӣ дошта бо чунин шикоятҳо муроҷиат мекунанд.
- Дард ва номураттабии кори дил афзудани дилзанӣ
- Дарди сар,шав –шав дар гушҳо ,сарчархзанӣ.
- Пастшавии тезии биноӣ
- Ба чашм намоён шудани доғҳо
- Нафастангӣ ва дар организм пайдошавии варамҳо
- Вайроншавии хоб.
Пешгирии ин беморӣ аз худи шахс вобастагӣ дорад. Барои кам шудани вазнамон бояд воситаҳои гуногунро истифода барем, беҳтарин роҳ ин ба як низоми муайян хӯрок хурдан мебошад. Мо бояд аз хӯрокҳои тезу шур серравған қаҳва маҳсулотҳои тезтайёр, ки душмани бемориҳоянд даст кашем, ва ба ҷойи он маҳсулотҳои тару тоза меваю сабзавот истеъмол намоем.
Барои пешгирӣ ва гирифтор нашудан ба бемории фишорбаландӣ бояд вазни баданро кам кард, қатъ намудани истеъмоли машрубот тамоку, асабонӣ нашудан, ҳаяҷону стресро дур кардан бештар ба варзиш машғул шудан метавонад хатару пешгирии бемориро кам кунад.