Ботулизм – ин бемории ниҳоят вазнин ва хатарнок барои ҳаёт буда, марганҷомии баландро доро мебошад ва ба системаи асаб зарар мерасонад. Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бештар хуруҷи ботулизм дар таркиби заҳролудшавии ғизогӣ афзудааст. Зиёдшавии ҳодисаҳои ботулизм дар баъзе аз мавридҳои ба таври васеъ паҳншавии истифода аз маҳсулотҳои нодуруст ва ё дар ҳолати омода намудани консерваи нодуруст тамизгардида, инчунин риоя нагардидани нигаҳдории консерва дар хона метавонад шахсро ба ботулизм оварда расонад.
Дар аксар мавридҳо маҳсулотҳои сироятёфта хуришҳои сабзавотӣ аз ҷумла (бештар аз помидор, бодиринг ва боимҷон) инчунин замбуруғҳои дар шароити хона консервакунонидашуда, ба амал меояд. Баъзан ҳолат аз истеъмоли маҳсулотҳои гуштӣ алоқаманд будан ба ҳасиб ва гуштӣ бирёншуда дар равғани хобонидашуда рух медиҳад.
Агар ба бехатарии чунин маҳсулот андаке шубҳа дошта бошед ва ё дар ҳолати мушоҳида намудани ин ки сарпӯши зарф варамидаасту ҳангоми кушодани он моеъ бо фишори баланд кушода мешавад, инчунин бӯйи ғализу нофорам дорад, ҳатто онро начашида, дарҳол партоед. Зеро як қатраи заҳр ҳам метавонад одамро ба заҳролудшавӣ оварда расонад.
Токсини ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта ворид мегардад. Миқдори камтарини токсини ботулинӣ хатарнок ва марговар аст. Вояи миёнаи марговар барои одам 1 микрограм (0,001мг)-ро ташкил медиҳад. Ба бадан ҷабида шудани миқдори 0,001 мг токсин метавонад ба бемории вазнин ва ҳатто марг оварда расонад. Аз маҳсулоти дар шароити хона консервашудае, ки зиёда аз як сол нигоҳ дошта шудааст, истеъмол кардан хатарнок мебошад. Беҳтар он аст, ки чунин маҳсулотро танҳо дар як мавсим истеъмол намоед. Дар натиҷаи нигоҳдории тӯлонӣ ғизонокии маҳсулот низ кам мегардад.
МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”