Яке аз самти асосӣ дар раванди мубориза бо бемории коронавируси COVID-19 ин гузаронидани ваксинатсияи аҳолӣ мебошад. Зеро ба андешаи коршиносони соҳаи тиб, ягона роҳи муҳофизати худ ва наздикон аз беморие, ки метавонад боиси марг ё бад шудани вазъи саломатӣ муддати тӯлонӣ гардад, ваксиназанӣ аст. Чун ваксина бар зидди коронавирус иқтидори пайдоиши масунияти доимӣ ба COVID-19-ро дорад.
Тавре маълум аст, 22 марти соли равон дар Тоҷикистон ваксиназании марҳилавӣ бар зидди COVID-19 оғоз ёфт. Дар аввали моҳи июли соли равон Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 эълом дошт, ки ваксиназанӣ барои шаҳрвандони синни аз 18 сола болои мамлакат ҳатмӣ мебошад. Имрӯз шаҳрвандони мамлакат метавонанд бо ваксинаҳои «AstraZeneca»-и истеҳсоли Ҳиндустон, «CoronaVac»-и чинӣ ва «Moderna»-и амрикоӣ ваксина зананд. Тибқи барномаи байналмилалии COVAX, гурӯҳи иловагии «AstraZeneca»-и британӣ рӯзҳои наздик ба кишвар ворид мешавад. Яъне ваксинаҳо ба қадри кофӣ мавҷуд мебошанд. Аз ин рӯ шаҳрвандон метавонанд, ҳангоми даъват ба муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии макони зист барои гузаронидани ваксина ҳозир шаванд ва худу наздиконро аз гирифторшавӣ ба COVID-19 эмин нигоҳ доранд.
Дар ҳолати қабули ваксина бояд тавсияи табибон риоя карда шавад. Ҳангоми риоя нашудани тавсияҳои табибон, он гоҳ аз ваксина ягон натиҷа ба даст намеояд. Масалан, дар сурати ваксина гирифтан истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад, зеро онҳо метавонанд ба кори худи ваксина халал ворид намоянд. Ваксина ду маротиба гузаронида мешавад. Маротибаи дуюм баъд аз 21 рӯзи вояи аввал гирифта мешавад. Масуният пас аз се ҳафта ташаккул меёбад. Бинобар ин, пас аз ваксинаи аввал ва дуюм бояд се ҳафта ё 21 рӯз гузарад. Яъне, ҳамагӣ то 42 рӯз истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ тавсия дода намешавад.
Ба зикри сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷафаров ҳолатҳое вомехуранд, ки шаҳрвандон баъд аз ваксинатсия ба муассисаҳои табобативу профилактикӣ муроҷиат мекунанд, зеро ин ҳолати муқаррарӣ буда, пас аз тазриқ дар организми бархе нафарон аксуламал ба вуҷуд меояд. Вале ин ягон ҳолати нигаронкунанда надорад. Шаҳрвандон дар ин ҳолат тибқи нишондодҳои табибони оилавӣ ва мутахассисони соҳа бояд аз доруҳои табшикан истифода намоянд.
МД “Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”