Сатҳи иттилоотонии аҳолӣ мусоидат ба пешгирии беморӣ

175

Вобаста ба Лоиҳаи фавқулоддаи муқовимат ба вируси КОВИД-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти самараноки ҳамбастагӣ бо ҷамъият ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ дар мавзӯи “Хатар ва пешгирии коронавирус (COVID-19) , бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19” дар байни кормандони тиб ва омӯзгорони мактаб, дар вилоятҳои Суғд, Хатлон, вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон семинари омӯзишии якрӯза  баргузор гардид. Мақсад аз баргузории чунин омӯзишҳо  дар шароити пандемияи сирояти COVID-19 баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ вобаста ба хатар ва пешгирии коронавирус (COVID-19) , бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19, яъне паст намудани сатҳи беморшавӣ ва пешгирии фавти аҳолӣ мебошад. Инҷунин омода намудани ихтиёриён аз ҳисоби кормандони тиб, омӯзгорон, фаъолони ҷомеа ва мактаббачагон барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба хатар ва пешгирии коронавирус (COVID-19) , бемориҳои сирояти шадиди рӯда, риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, бурдани тарзи ҳаёти солим ва муҳимияти иммунизатсия бар зидди бемории COVID-19 дар байни аҳолӣ мебошад.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.