ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ШАБОНАИ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ

138

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо фаъолияти муассисаҳои тандурустии мамлакат гаштҳои шабонаро низ ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад шаби 25 майи соли равон муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода ва Шодихон Ҷамшед аз як қатор марказҳои саломатии шаҳри Душанбе дидан намуданд.

Зимни боздид дар марказҳои саломатии мазкур муовинони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо табибон вохӯрӣ анҷом дода,  дар рафти он масъалаҳои пурзӯр намудани корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавируси нави КОВИД-19, таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ бо маводҳои тиббӣ ва зиддивирусӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади пешгирии вируси мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ҳадаф аз сафарҳои масъулони вазорат аз наздик ошно шудан бо фаъолияти табибон ва ҷараёни табобати беморони гирифтори сирояти коронавирус дар муассисаҳои тандурустӣ, саривақт фаро гирифтани онҳо ба табобати хонагӣ, таъмини беморон бо доруворӣ ва бемористонҳо бо таҷҳизоти тиббӣ, таъмини табибон бо либосҳои муҳофизатӣ, ошкор намудани камбудиҳои муассисаҳо, мушкилоти табибон ва саривақт ба онҳо расидагӣ кардан мебошанд.

ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ ШАБОНАИ МАРКАЗҲОИ САЛОМАТӢ

Шарҳҳо баста шудаанд.