Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба иҷроиши “ Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар соли 2022
Имрӯз Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба иҷроиши “ Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” дар соли 2022 гузаронида шуд . Дар чорабинӣ иштирок доштанд, А.Амирзода – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Н. Ҷаъфаров –сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемологӣ ҳолатҳои фавқулода ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, П. Мухтарова –директори МД “ Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим”, Намояндаи тандурустии ОҒО-ХОН дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин намояндагони вазорату кумитаҳо ва идораҳои давлатӣ. Мавзуи асосиро ҳамкориҳои натиҷабахш дар самти пешгирии бемориҳо ва баланд бардоштани маърифати тибии аҳолӣ ва иҷроиши нақшаҳои муштарак, дуҷониба ва бисёрҷонибаи МД “МҶТТҲС” ва дигар вазорату кумитаҳои дахлдор оид ба амалисозии Барномаи мазкур ташкил медод. Ин самтро ба назар гирифта ҳамаи вазорату кумитаҳо, шарикони оид ба рушд ва директорони “Марказҳои ташаккули тарзи ҳаёти солим”-и вилояту шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷроиши 1 солаи “ Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026” ҳисоботи ҷамъбастӣ пешниҳод намуданд.