Шустани дастон саломатии аксарияти одамонро аз бемориҳо эмин нигоҳ медорад

376

Ҳарчанд масъалаи шустани дастон кори шахсии ҳар нафар аст, вале бо ин роҳ метавон сатҳи гирифторӣ ба ҳар гуна бемориҳоро паст намуд. Тавре маълум аст, яке аз роҳҳои пешгирӣ аз  COVID-19  ин шустани дастон мебошад. Ба зикри  мутахассисони Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ  нашустани дастон  дар миқёси ҷаҳонӣ оқибатҳои фалокатбор дорад. Зеро тавассути дастҳои ношуста микроорганизмҳои ҳар гуна беморӣ, аз қабили вабо, пневмонияи вирусӣ, гепатит ва зуком ба организм ворид шуда, шахсро сироят мекунанд.

Имрӯз бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар тамоми ҷаҳон доман паҳн карда, то ҳол роҳи ҳалли худро наёфтааст. Ин  бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, аз ҷумла ба дуруст шустани дастон диққати махсус диҳем. Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки мунтазам шустани дастон яке аз воситаҳои хуби бартараф кардани коронавирус аст. Шустушӯи  дастҳоро набояд зуд анҷом дод. Тибқи маълумоти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, бояд шустушӯи дастон на кам аз 40-60 сония бошад.

Бояд гуфт, ки бемориҳои сироятии меъдаву рӯда ҳангоми ифлосии дастон тавассути ғизо хӯрдан мегузаранд. Аз ин рӯ шустани дастон то 60-70 фоиз метавонад инсонро аз гирифторӣ ба бемориҳои меъдаву рӯда эмин нигоҳ дорад.

Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар мавриди дуруст шустани дастон чунин тавсия додааст:

  1. Дастонро бо об нарм кунед.
  2. Ба таври кифоя собуни моеъро ба кафи даст гирифта, ба тамоми сатҳи панҷаҳо молиш диҳед.
  3. Кафи як дастро ба кафи дасти дигар гузошта, молиш диҳед.
  4. Бо қафи дасти рост панҷаи дасти чапро молида,  ҳамин амалро бо  қафи дасти чап дар дасти рост иҷро кунед.
  5. Ангуштони дасти ростро аз байни ангуштони дасти чап гузаронида, кафҳои дастонро молиш диҳед.
  6. Ангушти як дастро дар ҳолати нимқад бо ангуштони дасти дигар пайваст карда, болову поён фишор диҳед.
  7. Ангушти калони дасти чапро бо чор ангушти дасти рост дошта, пешу қафо молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти чап анҷом диҳед.
  8. Бо ҳаракатҳои даврӣ ба самти пеш ва қафо бо ангуштони нимқати дасти рост кафи дасти чапро молиш диҳед ва ҳамин амалро дар дасти дигар иҷро намоед.
  9. Дастонро тоза шӯед!
  10. Дастонро бо сачоқи яккарата хушк намоед.

Беҳуда нагуфтаанд, ки дастони тоза ҳаётро наҷот медиҳанд. Тибқи маълумоти ҷаҳонӣ, дасти ифлос яке аз омилҳои асосии фавти кӯдакон дар Осиё ва Африка мебошад. Зеро шустушӯи номунтазами даст метавонад сабаби бемориҳои гуногуни замбурӯғӣ гардад. Ба иттилои ЮНИСЕФ, ҳар рӯз панҷ ҳазор кӯдак аз дарунравӣ мемиранд, ки онро «бемории дастҳои ифлос» низ меноманд. Бино ба пешниҳоди ЮНИСЕФ, агар ин кӯдакон пеш аз истеъмоли хӯрок ва баъд аз ҳоҷатхона дастҳои худро бо собун бодиққат шӯянд, нисфи зиёди шумораи фавтро пешгирӣ кардан мумкин аст.

Аз ин рӯ, тартиби одии гигиенӣ, ба монанди шустани дастҳо метавонад ҳазорҳо кӯдаконро аз гирифторӣ ба беморӣ ва фавт аз он наҷот диҳад. Шустани дастон на танҳо роҳи пешгирӣ аз сироят ба вирусҳо  мебошад, балки ҳаёти одамонро бароҳат, гуворо ва бехатар мегардонад.

ДАСТҲОРО ДАР КАДОМ ҲОЛАТҲО БОЯД ШУСТ? 

Пеш аз хӯрдани таом.

Пеш аз омодасозии таом.

Баъд аз расонидани даст ба гӯшти хом ва ё моҳӣ.

Баъд аз ҳоҷатхона.

Баъд аз бозгашт аз кӯча.

Баъд аз атса задан.

Баъд аз муомила бо ҷонварон.

Баъд аз аёдати беморон

Баъд аз рӯбучини хона.

Пеш ва баъд аз коркарди захмҳо.

Баъд аз баровардани партов.

КАДОМ ТАРЗИ ШУСТАНИ ДАСТҲО ДУРУСТ АСТ?

Ба далели таҳқиқот, на ҳама одамон бо тарзи дуруст даст мешӯянд. Тарзи дурусти шустани дастҳо чунин аст:

Ҷумаки обро боз кунед ва ҳарорати обро мӯътадил созед.

Ба дастҳоятон собун молед.

Агар шумо дар ҷойи бегона даст мешӯед, ба дастаки кран низ собун занед, вагарна баъд аз шустани даст, шуморо лозим меояд, ҷумакро маҳкам кунед ва дигарбора даст ба дастак расонед.

Боз як бори дигар ба дастонатон собун занед, то аз собун  кафки ғасф падид ояд.

Дастҳоятонро на кам аз 30 сония бо соиши ҳарчи бештар бишӯед. Хусусан ба қабати байни ангуштон, ба қисми кафи даст, пушти даст ва зери нохунҳо аҳамият диҳед.

Ангуштони кӯчаки собунолудро ба сӯрохии бинӣ бурда, димоғро низ хуб тоза кунед.

Се маротиба ғарғараи гулӯро бо об аз ёд набароред.

Сипас собунро покиза бишӯед.

Ҷумакро маҳкам намоед.

Бо дастмоли тоза дастҳоро хушконед.

Дар як рӯз 6 -10 маротиба шустани дастҳо хатари гирифтории шахсии шуморо аз бемориҳои сироятие, монанди COVID – 19  ё зуком кам мегардонад.

Таҳияи: Мд «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули

 тарзи ҳаёти солим»

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.