Сил чӣ гуна беморист?

220

   Бемори сил, як намуди бемории сироятӣ буда, барангезандаи он чӯбчамикроби сил мебошад. Ба бемории сил тамоми узвҳои инсон гирифтор шуда метавонанд, аммо он дар 80-85 фоизи ҳолатҳо дар шуш хуруҷ мекунад. Ин беморӣ аз шахси бемор ба шахси солим ба таври ҳавоӣ (сулфа, атса, сухангӯӣ) мегузарад.

       Ин бемори табобатшаванда аст, ба шарте, ки бемор табобати дурусту саривақтиро путӣ метавонад боиси корношоямӣ, маъюбӣ ва ҳатто марг шавад.рра бигирад (ин муддат на камтар аз 6-8 моҳро ташкил медиҳад). Мавҷуд набудани табобати дурусти саривақ

      Мувофиқи Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил табобат бо доруҳои зиддисилӣ ройгон гузаронида мешавад. Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии бемории сил- ин муроҷиати саривақтии беморони гирифтори сил ҳангоми пайдо шудани нишонаҳои беморӣ ва табобати саривақтии онҳо мебошад.

Нишонаҳои бемории сил чӣ гунаанд?

     Ба гуфти мутахасисон нишонаҳои ин беморӣ сулфаи зиёда аз ду ҳафта, камқувватӣ, бемадорӣ, харобшавӣ, баландшавии ҳарорат, арақкунии шабона, камшавии иштиҳо, хунтуфкунӣ ва баъзан вақт дарди қафаси сина мебошанд.

       Давоми як сол инсони гирифтори ин беморӣ метавонад то 10-15 нафарро, ки бо вай дар алоқаи зич қарор мегиранд, сироят намояд. Дар сурати дар худ ва ё наздикон пайдо шудани чунин нишонаҳо бояд ба табиби оилавӣ муроҷиат намуда, барои ташхиси микроскопӣ 3 маротиба балғам супоранд.

Дар Тоҷикистон барои табобати чӣ тадбирҳо амали мегарданд?

      Дар ҷумҳурӣ мо тамоми имконияти ташхисӣ ва табобати ҳама намудҳои бемории сил ба таври ройгон дастрас мебошанд.   Дар заминаи амалинамоии Барномаи миллии мубориза бар зидди бемории сил ҳолати хизматрасонии зиддисилӣ барои аҳолӣ дастрас гардида, доираи он тадриҷан васеъ гардонда шуд. Хизматрасонии зиддисилӣ беҳтар гардонда шуда, бо қабули барномаҳое, ки солҳои 2002, 2009, 2014 ва 2021 амалӣ гардиданд, тамоми самтҳои ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил фаро гирифта шуданд.

      Дар ҷумҳурӣ имконияти ташхиси саривақтии тамоми намудҳои сил (сили тамоми узвҳо ва тамоми намудҳои устуворият ба доруҳои зиддисилӣ) фароҳам буда, ташхисҳои микроскопию нурӣ ва молекулярӣ) дар сатҳи ноҳияҳо дастрасанд. Доруҳои зиддисилии асосӣ соли панҷум аст, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ мувофиқи талабот харидорӣ мешаванд. Доруҳои зиддисилӣ барои табобати сили ба доруҳои асосӣ устувор аз ҳисоби гранти бадастовардаи ҷумҳурӣ  харидорӣ карда мешаванд.

       Айни замон дар ҷумҳурӣ «Барномаи нави миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумхурии Точикистон барои солҳои 2021 – 2025» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  27 феврали соли 2021 тасдиқ гардида, амалӣ гашта истодааст. Мақсади  асосии он кам кардани таъсири манфии мушкилоти сил ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба воситаи таъмини дастрасии умумӣ ба ташхису табобати саривақтию босифати ҳама намудҳои бемории сил, аз ҷумла сили ниҳонӣ мебошад, ки дар маҷмўъ сатҳи сироятёбӣ ва фавтро кам карда, ривоҷи устуворият ба доруҳоро пешгирӣ мекунад.

Эзоҳ диҳед

Суроғаи почтаи электронии шумо нашр карда намешавад.