Бо фаро расидани фасли баҳор дар оғуши табиат гиёҳои зиёди шифобахш ба рӯидан оғоз мекунад. Тоҷикистони азизи мо, ки табиати хеле зебои хушҳаво дорад, дар айёми баҳорон дар тамоми дашту саҳроҳо, кӯҳу биёбонҳои гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ба мисли пӯдина, ров, шулха, пиёзи анзур ва ғайра мерӯяд, ки мардуми тоҷик аз он фаровон истифода мебаранд, чунки хусусиятҳои хос ва шифобахши дорад. Дар ин фасл мардуми тоҷик баҳри чидани ингуна гиёҳҳо аз ҷумла сиёҳалаф ба қӯҳҳои осмонбӯсӣ кишвар мебароянд.
Рӯидани сиёҳалаф аҷиб аст, зеро як навъӣ пиёзӣ кӯҳиест, ки аввали баҳор дар кӯҳҳо аз зери барф месабзад. Мардум чунин меҳисобанд, ки ин гиёҳҳо барои беҳдошти саломатӣ кумак менамояд. Аз ин рӯ баҳорон бештари одамон барои ҷамъоварии гиёҳҳои шифобахш то масофаи 12-15 км ба кӯҳҳо мебароянд. Ба қавли донишмандон ҳар қадаре, ки дар кӯҳҳо ба боло барои ҳамон қадар гиёҳҳои шифобахшро зиёдтар пайдо мекуни. Дар бораи хусусиятҳои шифобахшии сиёҳалаф қисми зиёди мардуми кишвар хуб медонанд ва аз он бештар таомҳои баҳори омода менамоянд, баъзе кадбонуҳо бошанд онро мехушконанд ва аз он чошни омода месозанд. Фарқ намудани сиёҳалаф аз дигар гиёҳҳо кори мушкил нест, агар онро чинем нуги ниҳоли он бинобар доштани миқдори зиёди йод ба зуди ранги сурхро мегирад, ки маҳз бо ҳамин сабаб миёни марудм ин навъӣ гиёҳ эътибор пайдо кардааст. Ҳангоми аз сиёҳалаф омода намудани таом он ранги бунафшрангро мегирад, ки дар Тоҷикистон бо чакка ё ҷурғот истеъмол менамоянд.
Гуфтан зарур аст, ки гиёҳҳои шифобахш як қисми муайяни табобати тамоми бемориҳои дохилиро доро мебошад. Яке аз гиёҳҳои шифобахш ин сиёҳалаф низ ба ҳисоб меравад, ки дар таркиби худ моддаҳои йоднок бисёр дорад ва барои бемориҳои ҷоғар хеле муфъид мебошад. Дар организми шахсони гирифтори бемории ҷоғар, ки миқдори йод кам мешавад, ба ин гунна беморон табибон истифодаи сиёҳалафро тавсия медиҳанд, чунки он хусусиятҳои бойгардонии организми кам ойд доштаро доро мебошад.
Дигар беморие, ки сиёҳалаф ба онҳо фоидаи худро мерасонад ин бемории андоми ҳозима, меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, ҷигар, бемориҳои андоми хунгард ва бемориҳои роҳҳои нафас мебошад. Қайд кардан зарур аст, ки дар таркиби ин гиёҳ бисёр минералҳое, ки дар хоки Тоҷикистон мавҷуд аст дар ҳолати рӯйдани гиёҳҳо таъсири хуб мерасонад. Яке аз ин витаминҳое, ки дар таркиби сиёҳалаф мавҷуд аст, ин витаминҳои С, В1,В12 мебошад. Маврид ба зикр аст, ки сиёҳалаф андоми ҳозимаро ба танзим дароварда барои бемороне, ки гирифтори қабзиятанд шифобахш мебошанд.
Тарзи омода намудани сиёҳалаф чунин мебошад: Сараввал биринҷро тоза намуда, онро ба об меандозем ва каме намаки ошӣ илова намуда меҷӯшонем, баъдан сиёҳалафро тоза карда реза мекунем ва ба он дохил менамоем, 5 дақиқа пеш аз омода шудани он ду қошӯқ ордро шикаста ба он илова менамоем, ки ин таъми онро бозҳам ширадор намуда боллаззат менамояд. Барои хушмазза шудани хӯроки омоданамуда метавонед аз чакка истифода намоед.
Ёдовар шудан лозим аст, ки миҷози сиёҳалаф хунук буда ба нафроне, ки хунғавсӣ ва ё фишорбаландӣ доранд фоидаи зиёд дошта инчунин ба шахсоне, ки дамиши ишкам доранд муфид буда, ба нафароне, ки мизоҷашон хунук аст тавсия намедиҳанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон диёри кӯҳистон аст. Дар паҳлӯи ҳар як санги ин кӯҳистон алафу сабзаҳоеро мебинем, ки дар назарӣ аввал гӯё як чизи одди мебошанд. Аммо дар сурати аз назари илмӣ омӯхтани онҳо қариб тамоми системаи даврони Менделеев дар дохили ин гиёҳҳо мавҷуд аст. Шояд аз ин хотир бошад, ки мардуми кӯҳистон шуруъ аз замонҳои қадим то имрӯз камтар руйӣ бемориро мебинанд ва аслан хеле тануманд ва сиҳатманданд. Бо соҳибистиқлол шудани кишвари азизамон Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ин раванд аҳамияти аввалиндараҷае дода, дар растаҳои бозорҳои кишварамон гиёҳҳои рангорангеро мебинем, ки онҳо аз назари мутахассисони тиббӣ гузашта барои бозҳам беҳтар нигоҳ доштани саломатии мардум ва пешгири кардани касалиҳои гуногун дорувории асосӣ мебошанд.
Таҳияи: Азиза Саидова
Шарҳҳо баста шудаанд.