Мутахассисони «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и вилояти Суғд, оид ба пешгирии бемории ботулизм дар бозору мағозаҳои в. Суғд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташвиқотӣ гузарониданд. Аз ҳар як сокини кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҳар он хӯрише, ки дар банкаҳо гузошта сарпӯши онро маҳкам мекунанд бояд таҳти назорати доими гиранд. Зеро ҳангоми корношоям шудани хӯришҳои банкаҳо, метавонад шахсро ба бемории вазнингузарандаи ботулизм гирифтор намояд.